Амволе, ки ба манфиати як ниҳоди умумӣ, аз қабили камбағалон, масҷидҳо, муҷоҳидон ё ятимон вақф шудааст, закот надорад, зеро он соҳиби муайяне надорад.
Нававӣ (Аллоҳ ӯро раҳм кунад) дар китоби "Ал-Маҷмуъ" (5/313) гуфтааст:
"Агар чорво ба сифати вақф барои манфиати умумӣ — монанди камбағалон, масҷидҳо, муҷоҳидон, ятимон ва дигар гурӯҳҳои ҳамсон — таъйин шуда бошад, пас дар он, бидуни ҳеҷ гуна ихтилоф, закот воҷиб намегардад, зеро он соҳиби муайяне надорад".
Ибни Муфлиҳ дар китоби "Ал-Фуруъ" (2/337) гуфтааст:
"Дар моле, ки ба сурати вақф ба нафъи афроди ғайримуайян ихтисос дода шудааст, инчунин дар вақфе, ки барои масҷидҳо ва мадрасаҳо таъйин гардидааст, закот воҷиб намешавад".
Ал-Буҳутӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Кашшофу-л-қиноъ" (2/171) гуфтааст:
"Дар чорвои чарогоҳӣ ва ҳамчунин дар дигар амволе, ки ба сифати вақф барои афроди ғайримуайян — монанди мискинон — ё барои масҷид ва монанди он, аз ҷумла мадраса, таъйин гардидааст, закот воҷиб намегардад, зеро онҳо молики ин амвол маҳсуб намешаванд". Поёни сухан бо каме таҳрир.
Аз Кумитаи доимии фатводиҳӣ пурсиданд:
Оё бар амволи вақфшуда барои масҷидҳо закот воҷиб мегардад?
Чунин посух додаанд:
"Дар амволи вақфшуда ба нафъи масҷидҳо ва дигар мавориди ҳамсон бо иттифоқи донишмандон, закот воҷиб нест, зеро моликият нисбат ба чунин амвол вуҷуд надорад". Поёни сухан.
"Фатово-л-даҷнати-д-доимати ли-л-ифто" (9/412).
Ва Аллоҳ донотар аст.