Ин савол аз ду бахш иборат аст:
Бахши аввал: Ҳукми закот додан ба падару модар.
Шайх Ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:
"Барои мусалмон ҷоиз нест, ки закоти худро ба падару модар ё фарзандонаш бидиҳад; балки агар онҳо ниёзманд бошанд ва ӯ қудрати молӣ дошта бошад, бар ӯ воҷиб аст, ки онҳоро аз моли худ таъмин намояд".
Аз китоби "Ал-Фатово-л-ҷомиъа", ҷилди 1, саҳ. 306
Бахши дувум: Закот додан ба бародарон. Ба саволи рақами 21810 муроҷиат карда шавад.