Ҳеҷ боке нест, ки мард ё зан закоташро ба бародар, хоҳар, амак, амма ва ё дигар хешованди камбағали худ бидиҳад, зеро далелҳои умумӣ инро иҷозат медиҳанд. Балки закот додан ба онҳо савоби дукарата дорад, ҳам садақа ва ҳам нигоҳ доштани робитаи хешовандӣ. Зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Садақа ба мискин – садақа аст ва садақа ба хешованд – ҳам садақа аст ва ҳам силаи раҳм». Ривояти Имом Аҳмад (рақами ҳадис: 15794) ва Насоӣ (рақами ҳадис: 2582).
Аз ин истиcно мешаванд: Падару модар ва касоне, ки дар хатти болоии онҳо қарор доранд (яъне падаркалон, модаркалон, падару модари онҳо ва ҳоказо), инчунин фарзандон – писар ё духтар – ва касоне, ки дар хатти поёнии онҳо ҳастанд (яъне наберагон, аберагон ва ҳоказо). Ба онҳо закот додан ҷоиз нест, ҳатто агар камбағал ҳам бошанд. Балки бар ӯ воҷиб аст, ки аз моли худ ба онҳо нафақа бикунад, агар ба ин чиз қодир бошад ва шахси дигаре ғайр аз ӯ вуҷуд надошта бошад, ки ба онҳо нафақа бикунад.