64

Фазилатҳои ҳофизи Қуръон дар дунёву охират

Савол: 14035

Ҳофизи Қуръон дар ин дунё ва охират чӣ фоидаҳоеро ба даст меорад?

Ва хешовандон ва наслу авлодҳои ӯ чӣ чизро ба даст меоранд?

Ва барои наслҳои гузаштаву ояндаи ӯ чӣ фоидае хоҳад дошт?

Хулосаи ҷавоб

Аз ҷумлаи имтиёзҳову бартариҳои ҳофизи Қуръон дар дунё ва охират инҳоянд: Ӯ дар имоматии намоз аз дигарон авлотар аст. Ҳангоми дафн ба қабр дар тарафи қибла аз дигарон сазовортар аст. Ӯ дар вазифаи амирӣ ва роҳбарӣ бар дигарон бартарӣ дорад, агар ба анҷоми ин масъулият қодир бошад. Мақому манзалати ӯ мувофиқи охирин ояте хоҳад буд, ки ӯ азёд кардааст. Ӯ бо фариштагон ҳамнишин хоҳад буд. Ба ӯ тоҷе аз шараф ва либосе аз каромат дода мешавад.

Матни ҷавоб

Аввал:

Ҳифз кардани Қуръон ибодатест, ки бо он банда рӯи Аллоҳро мехоҳад ва аҷру савобро дар охират ҷустуҷӯ мекунад. Бидуни ин ният (яъне агар нияташ чунин набошад), ӯ ҳеҷ гуна савоб намеёбад, балки барои анҷом додани ин ибодат барои ғайри Аллоҳ муҷозот карда мешавад.

Ҳофизи Қуръон набояд бо ҳифзи Қуръон нияти ба даст овардани манфиатҳои дунявӣ дошта бошад, зеро ҳифз кардани Қуръон моле нест, ки дар дунё бо он тиҷорат бикунад, балки ибодатест, ки дар пешгоҳи Парвардигораш анҷом медиҳад.

Фазилатҳои ҳофизи Қуръон дар ин дунё

Аллоҳ таъоло ба ҳофизи Қуръон дар ин дунё ва охират бартариятҳои махсусе додааст, аз ҷумла:

Ӯ дар имоматии намоз аз дигарон авлотар аст.

Аз Абумасъуди Ансорӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

«Касе, ки беш аз дигарон китоби Аллоҳро ҳифз карда бошад, бояд ӯ имоматӣ бикунад. Агар дар ҳифзи Қуръон баробар бошанд, он гоҳ донотарини онҳо ба суннат имоматӣ бикунад. Агар дар дониши суннат баробар бошанд, он ки пештар ҳиҷрат кардааст, имоматӣ бикунад. Агар дар ҳиҷрат баробар бошанд, он ки пештар мусалмон шудааст, имоматӣ бикунад. Ҳеҷ марде набояд дар ҳудуди салтанати шахси дигаре барои ӯ имоматӣ бикунад ва набояд дар хонаи ӯ дар ҷои махсуси ӯ бинишинад, магар бо иҷозати ӯ».   Ривояти Муслим (673).

Аз Абдуллоҳ ибни Умар (Аллоҳ аз онҳо хушнуд бод) ривоят шудааст, ки мефармояд:

«Вақте ки аввалин муҳоҷирон пеш аз омадани расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба Усба, маконе дар наздикии Қубо расиданд, Солим — ғуломи озодшудаи Абуҳузайфа — ба онҳо имоматӣ мекард, зеро ӯ аз ҳама бештар Қуръонро ҳифз карда буд».   Ривояти Бухорӣ (660).

● Агар маҷбур шавем, ки ҳофизи Қуръонро бо ҳамроҳи дигарон (дар як қабр) дафн кунем, дар қабр ӯ дар тарафи қибла пеш аз дигарон гузошта мешавад(яъне аввал ҳофизи Қуръонро ба сӯи қиблаи қабр мегузоранд ва мурдаҳои дигарро дар паси ӯ мегузоранд).

Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (Аллоҳ аз онҳо хушнуд бод) ривоят шудааст, ки ӯ мегӯяд:

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳар ду нафар аз шаҳидони Уҳудро дар як порча кафан мепечонд ва сипас мепурсид: «Кадомашон Қуръонро бештар медонад?» Вақте ки ба ӯ ишора мекарданд, ӯро аввал дар лаҳад мегузошт. Ва мефармуд: «Ман дар рӯзи қиёмат барои инҳо гувоҳӣ хоҳам дод». Дастур дод, ки онҳо бо хунҳояшон дафн карда шаванд. Онҳо шуста нашуданд ва ҳамчунин бар онҳо намози ҷаноза гузорида нашуд.   Ривояти Бухорӣ (1278).

● Ӯ дар вазифаи амирӣ ва роҳбарӣ низ авлотар аст, агар ба иҷрои ин масъулият қодир бошад.

Аз Омир ибни Восила ривоят шудааст, ки гуфт: Нофеъ ибни Абдулҳорис бо Умар дар Усфон вохӯрд ва Умар ӯро ҳокими Макка таъин карда буд. Умар ба ӯ гуфт: "Киро бар мардуми водӣ фармондор таъин кардӣ?" Ӯ гуфт: "Ибни Абзо". Умар пурсид: "Ибни Абзо кист?" Ӯ гуфт: "Яке аз ғуломони озодшудаи мост". Умар гуфт: "Оё бар мардум як ғуломи озодшударо роҳбар таъин кардӣ?" Ӯ гуфт: "Ӯ ҳофизи Китоби Аллоҳ таъоло ва донишманди илми мерос аст". Умар гуфт: Паёмбари шумо (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Аллоҳ бо воситаи ин Китоб (Қуръон) дарҷаву мартабаи баъзеро боло мекунад ва дарҷаву мартабаи баъзеи дигарро паст мекунад».   Ривояти Муслим (817).

Фазилатҳои ҳофизи Қуръон дар охират

Аммо дар охират:

Мақому мартабаи ӯ мувофиқи охирин ояте хоҳад буд, ки ӯ азёд кардааст.

Аз Абдуллоҳ ибни Амр (Аллоҳ аз онҳо хушнуд бод) ривоят шудааст, ки паёмбари (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Ба соҳиби Қуръон (яъне касе, ки Қуръонро ҳифз намуда ва бо он амал мекунад) гуфта мешавад: “Бихон ва боло бирав ва ботартил бихон ҳамон тавре ки дар дунё ботартил мехондӣ, зеро ҷойгоҳи ту назди охирин оятест, ки мехонӣ”».   Тирмизӣ ин ҳадисро (2914) ривоят карда, гуфтааст: Ин ҳадиси ҳасану саҳеҳ аст. Албонӣ дар китоби "Саҳиҳу-т-тирмизӣ" дар зери шумораи (2329) гуфтааст: Ин ҳадис ҳасану саҳеҳ аст. Абудовуд низ ин ҳадисро (1464) ривоят кардааст.

Мақсад аз "хондан" дар ин ҷо, аз ҳифз хондани он аст.

● Ӯ бо фариштагон ҳамнишин хоҳад буд.

Аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Касе ки Қуръон мехонад ва онро ҳифз мекунад, бо фариштагони бузургвори некӯкор хоҳад буд. Ва касе ки Қуръон мехонад ва кӯшиш намуда, онро ҳифз ва такрор мекунад ва дар ин кор душворӣ мекашад, ду подош мегирад».   Ривояти Бухорӣ (4653) ва Муслим (798).

Ба ӯ тоҷи шараф ва либоси каромат дода мешавад.

Аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Қуръон дар рӯзи қиёмат меояд ва мегӯяд: “Эй Парвардигор, ӯро биорой”. Он гоҳ бар сари ӯ тоҷи шараф гузошта мешавад. Сипас мегӯяд: “Эй Парвардигор, ба ӯ бештар бидеҳ”. Он гоҳ либоси каромат ба ӯ пӯшонида мешавад. Сипас мегӯяд: “Эй Парвардигор, аз ӯ розӣ шав”. Он гоҳ Аллоҳ аз ӯ розӣ мешавад. Пас, ба ӯ гуфта мешавад: “Қироат бикун ва боло бирав ва барои ҳар як оят як хайру неъмат барояш афзун мегардад”».   Тирмизӣ ин ҳадисро (2915) ривоят карда, гуфтааст: Ин ҳадиси саҳеҳ ва ҳасан аст. Албонӣ дар китоби “Саҳиҳу-т-тирмизӣ” дар зери шумораи (2328) гуфтааст: Ин ҳадис ҳасан аст.

 Қуръон дар назди Парвардигораш барои ӯ шафоат мекунад.

Аз Абуумомаи Боҳилӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки гуфт: Ман аз расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) шунидам, ки мефармуд:

«Қуръон бихонед, зеро он дар рӯзи қиёмат тиловаткунандагони худро шафоат мекунад. Заҳровайн (ду сураи нурдиҳандаи дурахшон) - сураи Бақара ва Оли Имрон - ро бихонед, зеро ин ду сура дар рӯзи қиёмат мисли ду абр, ё ду соябон, ё ду гурӯҳи парандагони сафбаста меоянд ва барои касоне ки онҳоро мехонданд, шафоат мекунанд. Сураи Бақараро бихонед, зеро тиловати он баракат ва тарки он ҳасрату надомат аст ва ҷодугарон бар он ғолиб омада наметавонанд».
Муовия гуфт: Шунидаам, ки калимаи "батала" ба маънои ҷодугарон аст. Муслим ин ҳадисро (804) ривоят кардааст. Бухорӣ онро ба таври муъаллақ овардааст.

Мақому мартабаи ҳофизи Қуръон ва шафоати ӯ барои хонаводаву дӯстонаш

Аммо оиди хешовандону фарзандони ҳофизи Қуръон, далел ворид шудааст, ки падару модари ӯ дар рӯзи қиёмат бо либосҳое ороста мешаванд, ки дунё ва тамоми чизҳои дунёро наметавон ба он либосҳо муқоиса кард. Ва ин ҳама танҳо ба сабаби он аст, ки онҳо фарзандашонро таълиму тарбия доданд. Ҳатто агар худи онҳо бесавод ҳам бошанд, Аллоҳ онҳоро ба сабаби фарзандашон иззат медиҳад. Аммо касе ки фарзандашро аз омӯзиши Қуръон бозмедошт ва ӯро аз ин чиз манъ мекард, ӯ аз чунин неъматҳо маҳрум мегардад.

Аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Қуръон дар рӯзи қиёмат ҳамчун марди рангпарида меояд ва ба соҳиби худ мегӯяд: Оё маро мешиносӣ? Манам, ки шаб туро бедорхоб кардам ва рӯзҳои гарми туро ба ташнагӣ кашидам. Ҳар тоҷире дар паси тиҷорати худ аст ва имрӯз ман ба суди ту дар паси тиҷорати ҳар тоҷире ҳастам. Пас, мулкро ба дасти росташ ва ҷовидониро ба дасти чапаш бидиҳанд ва тоҷи шараф бар сараш гузоранд ва ба падару модари ӯ ду либосе пӯшонанд, ки наметавон дунё ва тамоми чизҳои дунёро ба он либосҳо муқоиса кард. Онҳо мегӯянд: Эй Парвардигор, чӣ тавр мо сазовори ин либосҳо шудем?
Ба онҳо гуфта мешавад: Ба сабаби он ки шумо фарзанди худро Қуръон омӯхтед»
.   Ривояти Табаронӣ дар китоби "Ал-Авсат" (6/51).

Аз Бурайда (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Касе ки Қуръонро бихонад, онро таълим бигирад ва ба он амал бикунад, дар рӯзи қиёмат тоҷеро бар сари падару модараш мепӯшонанд, тоҷе аз нур, ки равшании он мисли равшании хуршед аст. Ба падару модари ӯ ду либосе пӯшонида мешавад, ки наметавон дунёро ба он либосҳо муқоиса кард. Онҳо мегӯянд: Барои чӣ ин либосҳоро ба мо пӯшонидед? Ба онҳо гуфта мешавад: Ба хотири он ки фарзандатон Қуръонро ҳифз кард».   Ривояти Ҳоким (1/756).

Ин ду ҳадис якдигарро тақвият медиҳанд. Ниг. : "Ассилсилату-с-саҳиҳа" (2829).

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Сарчашма

Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android