Агар шахс қарзи ҳаром бигирад, ба ӯ закот дода намешавад, магар ин ки тавба бикунад.

Савол: 99829

Марде барои харидани хона аз бонк қарзи рибавӣ гирифтааст. Оё метавон ба ӯ закот дод, то қарзашро ба бонк баргардонад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Муомила бо рибо, хоҳ қарзгирӣ бошад ва хоҳ қарздиҳӣ, ҳаром аст.

Аллоҳ таъоло мефармояд:

الَّذِينَ يَأْكُلُونَ الرِّبا لا يَقُومُونَ إِلَّا كَمَا يَقُومُ الَّذِي يَتَخَبَّطُهُ الشَّيْطَانُ مِنَ الْمَسِّ ذَلِكَ بِأَنَّهُمْ قَالُوا إِنَّمَا الْبَيْعُ مِثْلُ الرِّبا وَأَحَلَّ اللهُ الْبَيْعَ وَحَرَّمَ الرِّبا فَمَنْ جَاءَهُ مَوْعِظَةٌ مِنْ رَبِّهِ فَانْتَهَى فَلَهُ مَا سَلَفَ وَأَمْرُهُ إِلَى اللهِ وَمَنْ عَادَ فَأُولَئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ

سورة البقرة: ٢٧٥

«Касоне, ки рибо мехӯранд, (рӯзи қиёмат аз қабр) барнамехезанд, магар монанди бархостани касе, ки бар асари тамоси шайтон девона шудааст (ва наметавонад тавозуни худро ҳифз кунад, гоҳе ба замин меафтад, гоҳе ба по мехезад). Ин ба сабаби он аст, ки онон гуфтанд: "Хариду фурӯш низ монанди рибост"Дар ҳоле, ки Аллоҳ хариду фурӯшро ҳалол ва риборо ҳаром кардааст. Пас ҳар кас, ки аз (ҷониби) Парвардигораш панде ба ӯ расид ва (аз рибохӯрӣ) бозистод, пас он чӣ дар гузашта ба даст овардааст, аз они ӯ мебошад ва кори ӯ ба Аллоҳ вогузор мешавад. Ва касе, ки (ба рибохӯрӣ) бозгардад, пас онон аҳли оташанд ва ҷовидона дар он мемонанд».   (Сураи Бақара: 275).
Муслим (1598) аз Ҷобир (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) рибохӯр, рибодиҳанда, нависанда ва шоҳидони онро лаънат кардааст. Ва фармудааст: «Онҳо (дар гуноҳ) яксонанд».

Дуввум:

Агар шахс барои мақсадҳои ҳаром қарз бигирад, ба ӯ закот дода намешавад, магар ин ки тавба бикунад.
Ибни Қудома (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Ал-Муғнӣ" (6/333) гуфтааст: "Агар ӯ барои корҳои гуноҳ қарздор шавад, масалан шароб харида бошад ё пулро ба зинокорӣ, қиморбозӣ, суруду мусиқӣ ва ғайра сарф карда бошад, ба ӯ ҳеҷ чиз дода намешавад, то он даме, ки тавба накунад, зеро ин кӯмак ба гуноҳ аст". Поёни сухан.

Ибни Муфлиҳ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Ал-Фуруъ" (2/618) гуфтааст:

"Ҳар касе, ки ба сабаби гуноҳ қарздор шавад, ба ӯ ҳеҷ чизе дода намешавад, аммо агар тавба кунад, ба ӯ дода мешавад". Поёни сухан.

Дар китоби "Шарҳу-л-мумтиъ"-и Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) (6/235) омадааст:

"Агар шахс барои корҳои ҳаром қарздор шавад, оё метавонем ба ӯ закот бидиҳем?

Ҷавоб: Агар тавба кунад, ба ӯ медиҳем, вале агар тавба накарда бошад, ба ӯ намедиҳем, зеро ин кӯмак кардан ба ҳаром аст. Бинобар ин, агар ба ӯ бидиҳем, боз қарзи дигар мегирад". Поёни сухан.

Бар асоси ин, агар ин мард аз муомилаи рибо тавба карда бошад, аз кардаи худ пушаймон шуда ва тасмим гирифта бошад, ки дар оянда дигар чунин корро намекунад, пас ҳеҷ мушкиле нест, ки ба ӯ аз закот дода шавад.

Аммо агар ӯ аз ин кор тавба накарда бошад ва агар имрӯз барои пардохти қарзҳояш ба ӯ пул диҳем, фардо рафта, боз қарзи рибо бигирад, пас дар ин сурат, закот додан ба ӯ ҷоиз нест, зеро бо ин кор мо ба анҷом додани амали ҳаром кӯмак кардаем.

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Сарчашма

Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android