Аввал:
Закот додан ба коргарон ё хизматгорзанон, агар онҳо аз тоифаи ҳақдорони закот бошанд, яъне агар онҳо фақир (камбағал) ё мискин бошанд ва маоше, ки мегиранд, барои ниёзҳои онҳо ва аҳли оилаашон басанда набошад, ҳеҷ мушкиле надорад. Аллоҳ таъоло дар ояти зерин гурӯҳҳои ҳақдори закотро зикр кардааст:
إِنَّمَا الصَّدَقَاتُ لِلْفُقَرَاءِ وَالْمَسَاكِينِ وَالْعَامِلِينَ عَلَيْهَا وَالْمُؤَلَّفَةِ قُلُوبُهُمْ وَفِى الرِّقَابِ وَالْغَارِمِينَ وَفِى سَبِيلِ اللهِ وَابْنِ السَّبِيلِ فَرِيضَةً مِّنَ اللهِ وَاللهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ
سورة التوبة: ٦٠
«Садақаҳо танҳо барои фақирон ва мискинон ва коргузорони ҷамъоварии он ва дилҷӯшудагон ва барои (озод кардани) бандагон ва (пардохти қарзи) қарздорон ва дар роҳи Аллоҳ ва мусофирон (дарроҳмондагон) аст. Фаризаест аз ҷониби Аллоҳ. Ва Аллоҳ донои ҳаким аст». (Сураи Тавба: 60).
Агар онҳо ба яке аз ин тоифаҳо дохил шаванд, пас закот додан ба онҳо ҳеҷ боке надорад.
Аммо бояд ба як чиз таваҷҷуҳ кард, ки ин набояд ба манфиати корфармо бошад, масалан агар ӯ ба онҳо аз он чизе, ки мувофиқа шуда буд, кори бештар таъин бикунад, ё баъзе ҳуқуқҳои онҳоро надода бошад, сипас ба онҳо закот бидиҳад, то онҳо аз ҳуқуқи худ даст бикашанд ва ҳоказо.
Аз Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) пурсиданд: Агар тоҷир дар мағоза ё муассисаи худ коргароне дошта бошад ва ҳар яке аз онҳо шашсад риёл маош бигирад, оё барои тоҷир ҷоиз аст, ки закоти моли худро ба онҳо бидиҳад?
Ӯ чунин посух дод:
"Бале, агар онҳо аз аҳли закот бошанд, закот додан ба онҳо ҷоиз аст. Масалан, агар онҳо оиладор бошанд ва маошашон барои ниёзҳои оила кофӣ набошад, ё қарз дошта бошанд ва маошашон барои пардохти қарз кофӣ набошад ва монанди инҳо. Муҳим ин аст, ки агар онҳо аз аҳли закот бошанд, пас закот додан ба онҳо ҷоиз аст, ҳатто агар онҳо коргарон ё хизматчиёни худи ӯ бошанд". Поёни сухан.
Китоби "Фатово-з-закот" (саҳ. 350).
Аз Шайх доктор Абдулкарим ибни Абдуллоҳ Ал-Хузайр пурсидаанд: Ман хизматгорони мусалмон дорам, оё ҷоиз аст, ки закоти моли худро ба онҳо бидиҳам?
Ӯ чунин посух дод:
"Агар ба коргар маошаш пурра пардохта шавад, вале баъзе аз ниёзҳояш боз боқӣ бимонад, ба ин маъно, ки маошаш барои ӯ кифоят накунад, пас ҳеҷ монеаи шаръӣ вуҷуд надорад, ки ба ӯ закот дода шавад, то ба он чизе, ки ниёз дорад, бирасад — ба шарте ки закот додан ба ӯ ба манфиати корфармо набошад". Поёни сухан.
Дувум:
Дар бораи хешовандоне, ки метавон ба онҳо закот дод, ин масъала дар ҷавобҳои саволҳои рақами (21801) ва (20278) баён карда шудааст.