Дар назди мусалмон модар бартарӣ дорад, (яъне модар бар болои фарзанди худ ҳаққи бештар дорад), зеро дар ҳадис омадааст, ки марде ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт:
Кадоме аз мардум ба муомилаи неки ман сазовортар аст?
Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: «Модарат».
Ӯ пурсид: Сипас кист?
Фармуд: «Модарат».
Ӯ боз пурсид: Пас аз ӯ кист?
Фармуд: «Модарат». … Бухорӣ (5514) ва Муслим (4621) ин ҳадисро ривоят кардаанд.
Аммо ҳамсар дар як ҳолат бар модар авлавият дорад ва он ҳам масъалаи нафақа мебошад. Агар мард аз сабаби тангдастӣ натавонад ҳам ба ҳамсараш ва ҳам ба модараш нафақа намояд, пас дар ин ҳолат ҳамсар бар модар авлавият дорад.
Мусулмон бояд ба ҳар як соҳибҳуқуқ ҳаққашро бидиҳад ва ба мазлум ёрӣ диҳад. Агар модар ба занаш зулм кунад, бояд зулмро бо роҳи некӯ (ва бо нармӣ) манъ намояд ва одилона рафтор кунад.
Аллоҳ таъоло донотар аст.