сохранить
  • New List
Бештар
    сохранить
    • New List
1,46911/Рамазон/1446 , 11/Март/2025

Бар сарватмандон ғайр аз закот боз чӣ чиз воҷиб аст?

Савол: 6266

Агар инсон хеле сарватманд бошад, бояд чӣ қадар дороии худро барои худ нигаҳ дорад? Оё барои онҳо ҷоиз аст, ки хонаи бузург бихаранд ё бояд ба камбағалон пули бештар бидиҳанд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бар пулҳои сарватмандон закот воҷиб аст. Пулҳои боқимонда баъд аз закот, гарчанде ки зиёд ҳам бошад, ҳалол аст. Барои сарватманд ҷоиз аст, ки хонаи бузург бихарад, вале бояд аз исрофкорӣ дурӣ ҷӯяд, чунки исрофкорӣ дар Шариъат ҳаром аст, гарчанде ки исрофкор сарватманд ҳам бошад.
Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَلا تُسْرِفُوا إِنَّهُ لا يُحِبُّ الْمُسْرِفِينَ

سورة الأعراف: ٣١

«Ва исроф накунед, бегумон Аллоҳ исрофкоронро дӯст намедорад».   (Сураи Аъроф: 31).

Барои сарватманд мустаҳаб аст, ки ба ғайр аз закот ба камбағалон садақа бикунад. Беҳтарин садақа, садақаест, ки аз рӯи бениёзӣ бошад. Тибқи Шариъат бояд ӯ меҳмонро эҳтиром бикунад, ба фарёди ситамдида бирасад, (ба ғамзада кӯмак бикунад) ва бар камбағали талбанда хайр бикунад, гарчанде ки закоташро адо намуда бошад ҳам.

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Сарчашма

Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид

Гарди танзимоти матн

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android