Ҳукми истиқомати донишҷӯёни барои таҳсил фиристодашуда дар кишварҳои ғайримусулмон

2

Савол 6154

Мо гурӯҳе аз донишҷӯёни мусулмон ҳастем, ки барои таҳсил ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико омадаем. Мӯҳлати таҳсили мо аз шаш моҳ то чор солро дар бар мегирад. Мо бо хоҳиши худ барои таҳсил ба ин ҷо омадаем, яъне аз ҷониби ҳеҷ ниҳод ё муассисае ба таҳсил фиристода нашудаем. Таҳсил дар Амрико аз таҳсил дар кишвари мо фарқе надорад, магар аз ҷиҳати азхуд кардани забони англисӣ. Ҳукми истиқомат кардани мо дар ин кишвар ба хотири таҳсил чист? Аллоҳ ба шумо подоши нек ато фармояд.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Ҳар яке аз шумо, ки аз донишу огоҳии кофӣ ва биниши дуруст дар бораи дини Аллоҳ бархӯрдор бошад, тавонад мардумро ба сӯи Аллоҳ таъоло даъват намояд, некиҳоро ба онҳо омӯзонад, шубҳаро аз худ дур созад ва дини худро дар миёни кофироне, ки дар байни онҳо зиндагӣ мекунад, ошкоро изҳор кунад, пас бар ӯ ҳеҷ боке нест. Зеро истиқомати ӯ дар чунин шароит, ҳамроҳ бо фаро гирифтани донише, ки ба он ниёз дорад, ҳам ба худи ӯ суд мерасонад ва ҳам ба дигарон. Ва чӣ басо Аллоҳ таъоло, агар ӯ дар даъват ба сӯи Аллоҳ кӯшиш намояд, бар душвориҳо сабр кунад ва нияти худро барои Аллоҳ таъоло холис гардонад, ба дасти ӯ гурӯҳи зиёдеро ҳидоят фармояд.

Аммо касе, ки аз дониш ва биниши дуруст дар бораи дин бархӯрдор нест, ё дар роҳи даъват сабру пойдорӣ надорад, ё аз он бим дорад, ки худ ба он чи Аллоҳ таъоло ҳаром гардонидааст, гирифтор шавад, ё имкони онро надорад, ки дини худро бо даъват ба тавҳиди Аллоҳ, ҳушдор додан аз ширк овардан ба Ӯ ва баёни ин ҳақиқат барои атрофиёни худ ошкоро изҳор намояд, барои чунин шахс истиқомат намудан дар миёни мушрикон ҷоиз нест. Зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Ман аз ҳар мусулмоне, ки дар миёни мушрикон истиқомат мекунад, безорам».
Зеро чунин истиқомат барои ӯ хатари ҷиддӣ дорад.

Аллоҳ соҳиби тавфиқ аст.

Сарчашма

Вало ва баро

Сарчашма

Китоби «Маҷмуъу фатово ва мақолотун мутанаввиъа»-и ҷаноби Шайх аллома Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод), ҷ. 9, саҳ. 401

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android