Аллоҳ таъоло мефармояд:
وَتَعَاوَنُوا عَلَى الْبِرِّ وَالتَّقْوَى وَلا تَعَاوَنُوا عَلَى الأِثْمِ وَالْعُدْوَانِ
(سورة المائدة: ٢)
«Ва ҳамдигарро дар некӯкориву парҳезгорӣ кӯмак кунед ва ҳамдигарро дар гуноҳу таҷовуз кӯмак накунед». (Сураи Моида: 2).
Фаъолияти шумо дар ин донишкада ба таври ошкоро ба онҳо дар идомаи фаъолияти рибавиашон мусоидат мекунад, дар ҳоле ки рибо дар Ислом ва тамоми шариатҳо ҳаром дониста шудааст.
Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Аллоҳ таъоло рибохӯр, рибодиҳанда, котиби муомилаҳои рибавӣ ва ду шоҳиди онро лаънат кардааст». Ва фармудааст: «Онҳо (дар гуноҳ) яксонанд». Ин ҳадисро Муслим ривоят кардааст.
Аз ин рӯ, бояд дар ҷустуҷӯи кори дигаре бошед. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Ҳар чизеро, ки ба хотири тарс аз Аллоҳи азза ва ҷалла тарк кунӣ, Аллоҳ беҳтар аз онро ба ту ато хоҳад кард». Ин ҳадисро Аҳмад ривоят кардааст.
Аллоҳ азза ва ҷалла пеш аз он фармудааст:
وَمَنْ يَتَّقِ اللهَ يَجْعَلْ لَهُ مَخْرَجاً ❁ وَيَرْزُقْهُ مِنْ حَيْثُ لا يَحْتَسِبُ وَمَنْ يَتَوَكَّلْ عَلَى اللهِ فَهُوَ حَسْبُهُ
(سورة الطلاق: ٢ - ٣)
«Ва ҳар кас тақвои Аллоҳро пеша кунад, Аллоҳ барои ӯ роҳи раҳоӣ (аз мушкилотро) фароҳам месозад ва аз ҷое, ки гумон надорад, рӯзияш медиҳад. Ва ҳар кас ба Аллоҳ таваккал кунад, Ӯ барояш кофист». (Сураи Талоқ: 2 - 3).
Аллоҳ донотар аст