33

Оё барои бартараф кардани ғаму андӯҳ ягон дуое вуҷуд дорад?

Савол: 5112

Оё барои бартараф кардани ғаму андӯҳ ягон дуое вуҷуд дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Дар "Саҳиҳ"-и Бухорӣ ва "Саҳиҳ"-и Муслим аз Ибни Аббос ривоят шудааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳангоми ғамгинӣ мегуфт:

لا إلَهَ إلَّا اللّهُ العَظِيمُ الحَلِيمُ، لا إلَهَ إلَّا اللّهُ رَبُّ العَرْشِ العَظِيمِ، لا إلَهَ إلَّا اللّهُ رَبُّ السَّمَوَاتِ ورَبُّ الأرْضِ، ورَبُّ العَرْشِ الكَرِيمِ

"Ло илоҳа иллаллоҳу-л-ъазиму-л-ҳалим, ло илоҳа иллаллоҳу раббу-л-ъарши-л-ъазим, ло илоҳа иллаллоҳу раббу-с-самовоти ва раббу-л-арзи ва раббу-л-ъарши-л-карим".

(Ҳеҷ маъбуди барҳақ нест, магар Аллоҳи бузурги бурдборҲеҷ маъбуди барҳақ нест, магар Аллоҳ, ки Парвардигори Арши бузург аст. Ҳеҷ маъбуди барҳақ нест, магар Аллоҳ, ки Парвардигори осмонҳо, Парвардигори замин ва Парвардигори Арши гиромист).

Аз Анас (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳангоме ки чизе ӯро ғамгин месохт, мегуфт:

يَا حَيُّ يَا قَيُّومُ بِرَحْمَتِكَ أَسْتَغيثُ

"Ё ҳайю ё қайюм, бираҳматика астағис".

(Эй зиндаву тадбиркунанда, ба раҳматат аз Ту мадад мехоҳам).

Аз Асмо бинти Умайс (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба ман гуфт: «Оё ба ту баъзе калимаҳоеро таълим надиҳам, ки ҳангоми ғамгинӣ бигӯӣ?»

اللهُ اللهُ ربِّي لَا أُشْرِكُ بِهِ شيئًا

"Аллоҳ, Аллоҳу раббӣ ло ушрику биҳи шайъан".

(Аллоҳ, Аллоҳ Парвардигори ман аст ва ҳеҷ чизеро шарики Ӯ қарор намедиҳам).

Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: Ҳар гоҳ ба бандае ғаму андӯҳе бирасад ва ӯ бигӯяд:

اللَّهُمَّ إِنِّي عَبْدُكَ، وابْنُ عَبْدِكَ، وابْنُ أَمَتِكَ، نَاصِيَتِي بِيَدِكَ، مَاضٍ فِيَّ حُكْمُكَ، عَدْلٌ فِيَّ قَضَاؤُكَ، أَسْأَلُكَ بِكُلِّ اسْمٍ هُوَ لَكَ، سَمَّيْتَ بِهِ نَفْسَكَ، أَوْ أَنْزَلْتَهُ فِي كِتَابِكَ، أَوْ عَلَّمْتَهُ أَحَداً مِنْ خَلْقِكَ، أَوِ اسْتَأْثَرْتَ بِهِ فِي عِلْمِ الغَيْبِ عِنْدَكَ، أَنْ تَجْعَلَ القُرْآنَ رَبِيعَ قَلْبِي، وَنُورَ صَدْرِي، وَجَلاَءَ حُزْنِي، وَذَهَابَ هَمِّي .

"Аллоҳумма иннӣ ъабдука вабну ъабдика вабну аматика, носиятӣ биядика мозин фийя ҳукмука, ъадлун фийя қазоук. Асъалука бикуллисмин ҳува лака, саммайта биҳи нафсака ав анзалтаҳу фӣ китобика ав ъалламтаҳу аҳадан мин халқика авистаъсарта биҳи фӣ ъилми-л-ғайби ъиндака ан таҷъала-л-қуръона рабиъа қалбӣ ва нура садрӣ ва ҷалоа ҳузнӣ ва заҳоба ҳаммӣ".

(Эй Аллоҳ! Ман бандаи Ту, фарзанди бандаву канизи Ту ҳастам, пешониам дар дасти Туст. Фармони Ту дар ҳаққи ман ҷорист ва ҳукми Ту дар ҳаққи ман адолат аст. Ман ба василаи ҳар номе, ки аз они Туст, ки худро бо он номгузорӣ кардаӣ ва ё дар китобат нозил кардаӣ ва ё ба яке аз бандагонат омӯхтаӣ ва ё дар илми ғайб назди Худат баргузидаӣ, аз Ту талаб менамоям, ки Қуръонро баҳори қалбам, нури синаам ва бартарафкунандаи ғаму андӯҳам бигардонӣ).

Аллоҳ ғаму андӯҳи ӯро дур мекунад ва ба ҷои онҳо кушоишеро насиб мегардонад.

Китоби "Ал-Калиму-т-таййиб"-и Шайхулислом Ибни Таймия, таҳқиқи Шайх Албонӣ, саҳ 72.

Сарчашма

Сарчашма

Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android