Мақолаи ботил: "Дин афюни халқ аст".

Савол: 45567

Мо аксар вақт ин мақоларо мешунавем: "Дин афюни халқ аст". Ин чӣ маъно дорад? Оё ин мақола дуруст аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Ин мақоларо Карл Маркси яҳудӣ гуфтааст. Ӯ ин мақоларо ихтироъ карда, иддао намудааст, ки дин мисли маводи мухаддирест, ки мардумро беҳушу карахт месозад.

Аммо ин суханаш бо далелҳои қатъӣ мардуд буда, ба ҳеҷ ваҷҳ қабул карда намешавад. Зеро дини дурусту ҳаниф — дини Иброҳим, ки Аллоҳ таъоло махлуқоти худро ба барпо намудани он амр кардааст, динест, ки дилҳову эҳсосотро шӯълавар карда, ҳамаи эҳсосоту нерӯҳоро бармеангезад ва онҳоро ба пеш мебарад.
Ин дин ҳаргиз намепазирад, ки пайравонаш хору зор ва зери зулм қарор бигиранд, ба душманонашон хушомадгӯӣ бикунанд, дар муқобили ботилу фасод сукут намоянд ва ё ба расму оинҳое, ки Аллоҳ таъоло ягон далелу ҳуҷҷатеро бар раво будани онҳо нозил накардааст, пойбанд бошанд.

Балки ин дин онҳоро водор месозад, ки фаъол бошанд, бо тамоми нерӯи худ омода шаванд ва ҳама гуна мавҷудоту модаеро, ки дар рӯи замин ё зери он ва ё дар фазои он аст, тасхири худ кунанд, то ки душманонашон дар ин сабқат бар онҳо ғолиб наоянд.

Ин дин талаб мекунад, ки тамоми истеъдод ва нерӯҳои худро дар роҳи Аллоҳ таъоло барои боло кардани калимаи Ӯ сарф намоянд, онҳоеро, ки бар Аллоҳ дурӯғ мебанданд, нобул созанд ва аз касоне, ки дини Ӯро рад мекунанд ва ҳукми Шариъати Ӯро инкор менамоянд, безорӣ ҷӯянд.

Ин аст дини дурусту ҳақиқӣ, бар хилофи гуфтаҳои он яҳудӣ ва пайравону шогирдонаш, ки онҳоро барои мубориза бо ин дини ҳақиқӣ тарбия карда буданд. Агар пайравони ин дин ба дини худ ҳамон тавре, ки нозил шудааст, пайравӣ кунанд, ҳеҷ кас дар муқобили онҳо истода наметавонад.

Аммо нисбат ба дигар дину эътиқодҳои сохта, монанди бутпарастӣ, мешавад онҳоро бо гуфтаи он яҳудӣ тавсиф кард, зеро пайравонашон ба хурофотпарастӣ гирифтор шудаанд ва ин монеаи роҳи пешрафти илмӣ ва навовариҳо мегардад.

Сарчашма

Сарчашма

"Ал-Аҷвибату-л-муфидату лимуҳиммотил-ақида"-и Шайх Абдурраҳмони Дусарӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) саҳ, 80

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android