Барои ҳифзи пояи оилаҳои мусалмон дар кишварҳои ғарбӣ лозим аст як қатор шартҳо ва талаботҳо ҳам дар дохили хона ва ҳам берун аз он таъмин карда шаванд. Тафсилоти бештар дар ҷавоби муфассал зикр шудааст.
Муҳофизати фарзандон ва фикрҳои онҳо дар кишварҳои ғарбӣ
Савол: 4237
Мо мусалмононе, ки дар Ғарб зиндагӣ мекунем, дар нигоҳ доштани фарзандонамон аз гумроҳӣ ва иштирок дар ҷомеаи фосиди ғарбӣ бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешавем. Мо мехоҳем баъзе чораҳои амалиеро бидонем, ки ба василаи онҳо тавонем фарзандонамонро аз инҳирофу гумроҳӣ ва зоеъшавӣ нигоҳ дорем. Аллоҳ бароятон подоши некӯ бидиҳад.
Хулосаи ҷавоб
Матни ҷавоб
Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:
Барои ҳифз кардани пояи оилаҳои мусалмон дар кишварҳои кофир лозим аст як қатор шартҳо ва талаботҳо ҳам дар дохили хона ва ҳам берун аз он иҷро шаванд:
- Дар дохили хона:
1. Падарон бояд намозро дар масҷид бо фарзандонашон адо кунанд ва агар дар наздикии онҳо масҷид набошад, пас намозро боҷамоат дар хона бигузоранд
2. Онҳо бояд ҳар рӯз Қуръон бихонанд ва тиловати онро гӯш кунанд.
3. Аъзои оила бояд ҳамроҳ нишаста хӯрок бихӯранд.
4. Бояд ба қадри имкон бо забони Қуръон (арабӣ) сухан гӯянд.
5. Бояд одобҳои хонаводагӣ ва иҷтимоиро, ки Парвардигори ҷаҳониён дар Китобаш зикр кардааст, риоя намоянд, аз ҷумла он чизҳое, ки дар сураи "Нур" омадааст.
6. Ба худ ва фарзандонашон набояд иҷозат диҳанд, ки филмҳои фаҳшу беҳаё ва фасоднокро тамошо кунанд.
7. Фарзандон бояд шабро дар хона гузаронанд ва то ҳадди имкон бештар дар хона бимонанд, то аз таъсири муҳити бади берун эмин монанд. Падару модар набояд ба фарзандонашон иҷоза бидиҳанд, ки берун аз хона шабро гузаронанд ва дар ин чиз бояд хеле сахтгир бошанд.
8. Аз фиристодани фарзандон ба донишгоҳҳои дурдаст, ки маҷбур мешаванд дар хобгоҳи донишгоҳ зиндагӣ кунанд, бояд худдорӣ кард, вагарна фарзандонро аз даст медиҳем, ки дар ҷомеаи кофир омехта мешаванд.
9. Бояд хеле бодиққат бошанд, ки танҳо таоми ҳалол бихӯранд ва падару модар комилан аз ҳама гуна чизҳои ҳаром, монанди сигор, марихуана ва дигар чизҳое, ки дар кишварҳои куфр паҳн шудаанд, дурӣ ҷӯянд.
● Берун аз хона:
1. Кӯдакон бояд аз кӯдакӣ то поёни мактаби миёна ба мактабҳои исломӣ фиристода шаванд.
2. Ҳамчунин бояд онҳоро то ҳадди имкон ба масҷид фиристод, то барои намози ҷумъа ва ҷамоат ҳозир шаванд ва дар ҳалқаҳои илмӣ, даъватӣ, мавъизавӣ ва ғайра ширкат кунанд.
3. Бояд дар ҷойҳое, ки аз ҷониби мусалмонон назорат мешаванд, барои кӯдакону ҷавонон фаъолиятҳои тарбиявӣ ва варзишӣ ташкил карда шаванд.
4. Барпо намудани урдугоҳҳову лагерҳои тарбиявӣ, ки тамоми аъзои оила дар он ширкат кунанд.
5. Падарону модарон бояд саъй кунанд, ки бо ҳамроҳии фарзандонашон ба сарзаминҳои муқаддас барои адои умра ва ҳаҷ бираванд.
6. Омӯзонидани сухан гуфтан дар бораи Ислом ба фарзандон бо забони соддае, ки ҳам калонсолон ва ҳам кӯдакон, ҳам мусалмон ва ҳам ғайримусалмон онро бифаҳманд.
7. Тарғибу ташвиқ намудани фарзандон ба ҳифзи Қуръон ва фиристодани баъзеи онҳо — агар имкон бошад — ба кишвари арабии мусалмон, то дар дин фақеҳ шаванд (ва улуми динро биомӯзанд), сипас баргашта, таблиғгарону даъватгароне гарданд, ки дорои илм, дин ва забони Қуръон бошанд.
8. Омӯзонидани хутбаи ҷумъа ва имоматӣ ба баъзе аз писарон, то ки онҳо пешвоёни ҷамъиятҳои исломӣ гарданд.
9. Ташвиқ кардани фарзандон ба издивоҷи барвақт, то дину дунёи онҳоро ҳифз намоем.
10. Ва бояд онҳоро ташвиқ кард, ки бо духтарони мусалмон аз оилаҳое, ки бо диндорӣ ва хушахлоқии худ маъруфанд, издивоҷ кунанд.
11. Кӯшиш барои ҳал кардани ихтилофҳои оилавӣ бо муроҷиат ба масъулони ҷамъияти исломӣ ё имом-хатиби маркази исломӣ.
12. Иштирок накардан дар ҷашнҳои рақс, мусиқӣ, суруд, фестивалҳои фисқу фасод ва идҳои куфрӣ ва манъ кардани фарзандон — бо ҳикмат — аз рафтан бо хонандагони насронӣ ба калисо рӯзҳои якшанбе.
Аллоҳ донотар аст.
Сарчашма:
Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид