Ҳукми таъмири дастгоҳҳои телевизор ва видеомагнитофон

Савол 40472

Ман ба таъмири дастгоҳҳои телевизор ва видеомагнитофон машғулам. Ҳамчунин табақҳои моҳвораиро насб карда, ҳамаи моҳвораҳоро танзим менамоям. Оё агар соҳиби ин дастгоҳ онро барои шунидани сурудҳо, тамошои филмҳо ва дигар корҳо истифода барад, ман низ гунаҳкор мешавам? Лутфан моро роҳнамоӣ кунед.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَتَعَاوَنُوا عَلَى الْبِرِّ وَالتَّقْوَى وَلا تَعَاوَنُوا عَلَى الأِثْمِ وَالْعُدْوَانِ

سورة المائدة: ٢

«Ва ҳамдигарро дар некӯкориву парҳезгорӣ кӯмак кунед ва ҳамдигарро дар гуноҳу таҷовуз кӯмак накунед».   (Сураи Моида: 2).

Амали шумо дар таъмири дастгоҳҳои телевизор, видеомагнитофон ва табақҳои моҳвораӣ, ки соҳибони онҳо баъдан ин дастгоҳҳоро барои гӯш кардан ва дидани корҳои ношоиста истифода мебаранд, аз ҷумлаи ёрӣ расондан дар кори нописанд ба шумор меравад. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Ҳар кас ба сӯи ҳидоят даъват кунад, барои ӯ ҳамонанди савоби касонест, ки аз ӯ пайравӣ кардаанд ва аз савобҳои онҳо чизе кам намешавад. Ва ҳар кас ба сӯи гумроҳӣ даъват кунад, бар ӯ ҳамонанди гуноҳи касонест, ки аз ӯ пайравӣ кардаанд ва аз гуноҳони онҳо чизе кам намешавад».   Ривояти Муслим (2674).

Аз ин рӯ, ин кор барои шумо ҷоиз нест. Беҳтар аст, ки кори дигареро ҷустуҷӯ намоед. Ба ёд дошта бошед, ки Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَمَنْ يَتَّقِ اللهَ يَجْعَلْ لَهُ مَخْرَجاً ❁ وَيَرْزُقْهُ مِنْ حَيْثُ لا يَحْتَسِبُ

سورة الطلاق: ٢ - ٣

«Ва ҳар кас тақвои Аллоҳро пеша кунад, Аллоҳ барои ӯ роҳи раҳоӣ (аз мушкилотро) фароҳам месозад ва аз ҷое, ки гумон надорад, рӯзияш медиҳад».   (Сураи Талоқ: 2 - 3).

Аз Кумитаи доимии фатводиҳӣ саволи зерин пурсида шуд:
Ман муҳандиси электроника ҳастам. Аз ҷумлаи корҳои ман таъмири радио, телефон, видеомагнитофон ва дигар дастгоҳҳои ба ин монанд мебошад. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки дар мавриди идома додани ин корҳо ба ман фатво диҳед. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки тарки ин кор боиси аз даст додани таҷрибаи зиёд ва касбе мегардад, ки онро дар тӯли тамоми умрам омӯхтаам. Ҳамчунин, мумкин аст, ки дар сурати тарк кардани ин кор ба ман зараре бирасад.

Чунин посух доданд:
Далелҳои шаръӣ аз Қуръон ва суннат бар он далолат мекунанд, ки мусулмон бояд барои поку ҳалол будани касби худ саъю кӯшиш намояд. Аз ин рӯ, бар шумо лозим аст, ки кореро ҷустуҷӯ кунед, ки даромадаш поку ҳалол бошад.

Аммо даромаде, ки аз кори зикршуда ба даст меояд, поку ҳалол нест, зеро ин дастгоҳҳо бештар дар корҳои ҳаром истифода мешаванд. Поёни сухан.
Фатово-л-лаҷнати-д-доима: 14/420

Сарчашма

Аҳкоми кору касб
Муомилот

Сарчашма

Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android