Қиссаи ороишгари духтари фиръавн чунин ривоят шудааст:
Аз Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят шудааст, ки мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Шабе, ки ба Меъроҷ мерафтам, бӯи хуше ба машомам расид, гуфтам: Эй Ҷабраил, ин бӯи хуш чист? Гуфт: Ин бӯи хуши ороишгари духтари фиръавн ва фарзандонаш аст. Гуфтам: Достони онҳо чист? Гуфт: Рӯзе ӯ мӯйҳои духтари фиръавнро шона мезад, ки шонаи оҳанин аз дасти ӯ афтод ва ӯ гуфт: "Бисмиллоҳ". Дар ин ҳангом духтари фиръавн гуфт: Манзурат падарам аст? Ороишгар гуфт: На, Парвардигори ман ва Парвардигори падарат Аллоҳ аст. Духтари фиръавн гуфт: Ба падарам мегӯям. Ороишгар гуфт: Бале (бигӯ). Сипас ӯ ин хабарро ба падараш фиръавн расонд. Фиръавн ӯро даъват намуда, ба ӯ гуфт: Эй фалонӣ, оё ту Парвардигори дигаре ғайр аз ман дорӣ? Ороишгар гуфт: Бале, Парвардигори ману ту Аллоҳ аст. Фиръавн дастур дод, ки деги мисине, ки ба шакли гов аст, тасфонда шавад. Сипас фиръавн фармон дод, ки ӯ ва фарзандонашро ба даруни дег бияндозанд. Ороишгар ба фиръавн гуфт: Ман аз ту як хоҳиш дорам. Фиръавн гуфт: Хоҳишат чист? Ороишгар гуфт: Мехоҳам, ки устухонҳои ману фарзандонамро дар як порча ҷамъ намуда, якҷоя дафн бикунед. Фиръавн гуфт: Ин дархостат иҷро хоҳад шуд. Пас фарзандони он занро яке паси дигар ба даруни деги тафсон андохтанд. Чун навбати фарзанди ширхораш расид, қалби модар барои фарзанди ширхораш сӯхт, дар ин ҳангом, кӯдаки ширхор ба забон омада гуфт: Эй модар, пеш бирав, ки азоби дунё аз азоби охират осонтар аст. Бинобар ин ӯ пештар рафт».
Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) гуфтааст: "Чаҳор навзод (дар кӯдакӣ) сухан гуфтаанд: Исо писари Марям (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), тифли достони Ҷурайҷ, шоҳиди Юсуф ва писари ороишгари духтари фиръавн".
Ин ҳадисро Имом Аҳмад дар "Муснад" (1/309), Табаронӣ (12280), Ибни Ҳиббон (2903) ва Ҳоким (2/496) ривоят кардаанд.
Заҳабӣ дар китоби "Ал-‘Улув" (84) гуфтааст: Ин ҳадис санади ҳасан дорад. Ибни Касир дар "Тафсир" (3/15) гуфтааст: Дар санади он ҳеҷ ишколе вуҷуд надорад.
Аллома Аҳмад Шокир дар таҳқиқи "Муснад" (4/295) санади онро саҳеҳ донистааст. Ал-Арнаут дар тахриҷи "Муснад" (5/30–31, дар зери шумораи 2821) гуфтааст: "Санади ин ҳадис ҳасан аст, зеро Ҳаммод ибни Салама онро аз Ато пеш аз ихтилот (бад шудани ҳофизааш) шунидааст, тибқи гуфтаи гурӯҳе аз имомон".
Ҳамин тавр маълум мешавад, ки ин қисса саҳеҳ аст ва аз паёмбарамон (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст ва ин қисса аз манбаъҳои яҳудӣ ё насронӣ гирифта нашудааст.
Дар мавриди шарҳи ҷумлаи зерини ҳадис «Фиръавн дастур дод, ки деги мисине ба шакли гов аст, тасфонда шавад» Ибни Асир дар китоби "Ан-Ниҳоя" (1/145) гуфтааст: Ҳофиз Абумусо фармудааст: Ба назари ман ин ба маънои деге шакли гов нест, балки эҳтимолан он як деги бузурги васеъ буд, ки онро "бақара" номидаанд аз решаи калимаи "Ат-Табаққур" ки маънои васеъ аст ё мумкин аст, ки он қадар калон буд, ки як гов дар он ҷой мешуд, бинобар ин ба он чунин ном дода шудааст.
Аллоҳ донотар аст.