Агар шахс закоти фитрро, дар ҳоле ки онро дар хотир дорад, аз вақти муқарраршудааш ба таъхир андозад, гунаҳкор мешавад ва бар ӯ воҷиб аст, ки ба сӯи Аллоҳ тавба намояд ва қазои онро анҷом бидиҳад; зеро ин амал ибодат аст ва бо гузаштани вақт соқит намегардад, ба монанди намоз.
Азбаски дар савол зикр шудааст, ки саволдиҳанда пардохти онро дар вақташ фаромӯш кардааст, бар ӯ гуноҳе нест, вале қазои он барояш лозим аст. Набудани гуноҳ бар асоси далелҳои умумиест, ки фаромӯшкунандагонро аз гуноҳ пок медонанд. Аммо воҷиб будани қазо ба иллате бармегардад, ки қаблан баён гардид.
Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.