сохранить
  • New List
Бештар
    сохранить
    • New List
1,66313/Рамазон/1446 , 13/Март/2025

Эълони ифтори дастаҷамъона дар масҷид барои рӯзадорон

Савол: 3468

Дар яке аз масҷидҳо эълон карда шуд, ки барои ҳар касе, ки мехоҳад дар рӯзи панҷшанбе рӯза бигирад, ифтор баргузор мешавад. Ҳукми ин чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Мо ин саволро ба Ҷаноби Шайх Муҳаммад ибни Усаймин пешниҳод кардем. Аллоҳ ӯро ҳифз кунад, чунин посух дод:

Ҳамду сано барои Аллоҳ, Парвардигори ҷаҳониён ва дуруду паём ба паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод.

Ин эълон ҳеҷ боке надорад, зеро он даъват ба некист.

Мақсад аз ин эълон хариду фурӯш нест. Эълон кардани хариду фурӯш ё ба иҷора додан ва ба иҷора гирифтан, ки масҷидҳо барои он сохта нашудааст, ҳаром мебошад. Аммо даъват ба некӣ, хӯрок додан ва садақа ҳеҷ боке надорад.

Аммо оиди ин ки оё ин ҷамъшавӣ барои ибодат номашрӯъ аст? Дар асл онҳо рӯзаи дастаҷамъонаро эълон накардаанд, балки танҳо ифторро эълон намудаанд, ки ин ҳеҷ боке надорад.

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Сарчашма

Шайх Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Усаймин

Гарди танзимоти матн

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android