Касе, ки дар рӯзи Рамазон ва ҳангоми рӯза сурма кашад, рӯзааш намешиканад, магар он ки таъсири онро дар гулӯяш эҳсос намояд. Дар чунин ҳолат, аз рӯи эҳтиёт беҳтар аст, ки қазои он рӯзро адо кунад. Бо вуҷуди ин, беҳтар аст, ки дар вақти рӯза аз истифодаи сурма худдорӣ намояд.
Ҳамчунин, касе ки дар рӯзи Рамазон ба сараш равған бимолад, рӯзааш намешиканад.
Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.