Вақте ки инсон мемирад, қиёмати ӯ барпо мешавад. Тафсилоти ин ҳолатро танҳо Аллоҳ беҳтар медонад. Барои фаҳмидани ҷузъиёти он ягон роҳе нест, магар аз тариқи хабарҳои саҳеҳе, ки аз ҷониби Аллоҳ таъоло ва расулаш ба мо омадаанд.
Дар далелҳо омадааст, ки инсон дар ҳолати назъ ва ҷонканӣ малаку-л-мавт (фариштаи марг) ва ёваронашро мебинад ва чун бимирад, Мункар ва Накирро мебинад, ки ӯро дар қабр менишонанд ва аз ӯ саволҳое мепурсанд.
Барои маълумоти бештар лутфан ба саволи рақами (843) ва (14610) руҷӯъ кунед.
Мо бояд танҳо дар назди он чи ки дар матнҳои Шариъат (яъне оятҳои Қуръон ва ҳадисҳои саҳеҳ) омадааст, таваққуф намуда, ба он имон биёварем. Дар мавриди ҳар чизе, ки берун аз он аст, илми онро ба Аллоҳ таъоло гузорем.
Дар мавриди ҷин бошад, ягон далеле вуҷуд надорад, ки мурдагон онҳоро мебинанд. Чунин ба назар мерасад, ки онҳо ҳам мисли одамонанд ва мурдагон онҳоро намебинанд.
Дар ҳар сурат, мусалмон бояд барои ба даст овардани ҳар чизе, ки ба ӯ манфиат меорад, кӯшиш кунад ва аз тафаккури амиқ дар масъалаҳое, ки барои дини ӯ фоидае надоранд, дурӣ ҷӯяд. Бояд вақташро барои тадаббур ва андешидани чизҳое сарф кунад, ки имонашро мустаҳкам намуда, ӯро барои даҳшатҳое, ки баъди марг дар пеш аст, омода созанд.
Аллоҳ донотар аст.