Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Шакке нест, ки он чӣ имрӯз бар сари мусалмонон дар замини муқаддас омадааст — фишор, азобу шиканҷа, табъиду рондан, куштор ва азият — дардест, ки ҳар як мусалмон барои он ғамгин мешавад, ҳатто инсони ғайримусалмоне, ки ақлу инсоф ва шафқат дорад, барои он ғамгин мешавад, вақте мебинанд, ки бар мардумони бегуноҳ чунин зулми ошкоро раво дида мешавад. Ҳадаф аз ин зулм рондани онҳо аз хонаҳояшон ва ҷой кардани душманон дар макони онҳост. Онон душманоне ҳастанд, ки силоҳҳои замонавӣ доранд ва бо он силоҳҳо мардумони бесилоҳро ҳадаф қарор медиҳанд, ки онҳо аз ҳар гуна воситаҳои мудофиа ва муҳофизат маҳруманд.
Ин миллати мусалмон зиёда аз панҷоҳ сол аст, ки дар баробари ғуруру такаббур ва таҷовузи беохири сиҳюнистӣ истодагарӣ мекунад, ки онҳо на шарафу каромати инсонро эҳтиром мекунанд ва на ба аҳду паймоне вафо менамоянд ва на шариату қонунеро итоат мекунанд, магар он чи ҳавову ҳавасҳояшон ба он майл бикунад ва хохомҳои шайтонсифат ва коҳинони ҷангҷӯяшон, ки ташнаи хуну фасоданд, барояшон ҷаззоб ҷилва бидиҳанд.
Натиҷаи он ҳам барои мусалмонон ва ҳам барои яҳудиён маълум аст; оқибат аз они парҳезгорон аст ва гурӯҳи Аллоҳ пирӯз хоҳад шуд. Золим ҳаргиз амну осоиш ва пешрафту некӯаҳволиро намебинад, балки дар тарс, изтироб, ор ва расвоӣ зиндагӣ мекунад, то он рӯзе, ки мусалмонон ба динашон баргарданд ва бо шариъати Парвардигорашон ҳукмронӣ кунанд. Он гоҳ бо яҳудиён дар майдони набард вомехӯранд, ки дар он ду гурӯҳ бо ҳам рӯбарӯ мешаванд ва ду лашкар саф мекашанд ва ғалабаву пирӯзӣ насиби аҳли имон мегардад.
Бухорӣ (2926) ва Муслим (2922) аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардаанд, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ ӯ бод) мефармояд:
«Қиёмат барпо намешавад, то он даме, ки мусалмонон бо яҳудиён наҷанганд ва мусалмонон яҳудиёнро ба қатл мерасонанд, ҳатто ин ки яҳудӣ дар пушти санг ё дарахт пинҳон мешавад. Санг ё дарахт мегӯяд: Эй мусалмон, эй бандаи Аллоҳ, ин яҳудӣ дар пушти ман пинҳон шудааст, биё ӯро бикуш, ғайр аз дарахти ғарқад, зеро он аз дарахтони яҳуд аст».
Аз Аллоҳ таъоло хоҳонем, ки бозгашти мусалмононро ба динашон шитоб бидиҳад ва сабабҳои пирӯзиро муяссар намояд ва чашмони моро бо пирӯзии динаш ва хору залил шудани душманонаш шод гардонад ва мартабаи онҳоеро, ки дар роҳи Ӯ таъқибу шиканҷа ва шаҳид шудаанд, баланд гардонад.
Аллоҳ донотар аст.