Дар баъзе ривоятҳои саҳеҳ аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) зикрҳое ворид шудаанд, ки дар як шабонарӯз сад маротиба такрор карда мешаванд, чунон ки дар ҳадиси Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) омадааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:
«Касе ки дар рӯз сад маротиба бигӯяд:
لا إلهَ إلاَّ الله وحْدهُ لاَ شَرِيكَ لهُ، لَهُ المُلْكُ، ولَهُ الحمْدُ، وَهُو عَلَى كُلِّ شَيءٍ قَدِيرٌ
"Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳ, лаҳу-л-мулку ва лаҳу-л-ҳамду ва ҳува ъало кулли шайъин қадир".
(Ҳеҷ маъбуде бар ҳақ ҷуз Аллоҳи ягона нест, Ӯ шарике надорад. Мулку ситоиш аз они Ӯст ва Ӯ ба ҳамаи чиз тавоност).
Ба ӯ ба андозаи озод сохтани даҳ ғулом савоб дода мешавад, сад ҳасанот барояш навишта мешавад, сад гуноҳ аз ӯ маҳв мегардад ва он рӯз то бегоҳ аз шайтон ҳифз карда мешавад. Ва ҳеҷ касе (дар рӯзи қиёмат) амале беҳтар аз он намеоварад, магар касе, ки амали бештаре аз онро анҷом дода бошад». Ривояти Бухорӣ (3050).
Ҳамчунин аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) омадааст, расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:
«Касе дар рӯз сад маротиба бигӯяд:
سُبْحَانَ اللهِ وَبِحَمْدِهِ
"Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи".
(Аллоҳ пок аст ва Ӯро ситоиш мекунам).
Гуноҳонаш бахшида мешаванд, агарчи ба андозаи кафки баҳр бошанд». Ривояти Бухорӣ (5936).
Дар бораи номҳои китобҳои мӯътамад ва саҳеҳ дар мавзӯи дуоҳову зикрҳо, дар ин мавзӯъ китобҳои зиёде, чи бостонӣ ва чи муосир, чи дар алоҳидагӣ ва чи дар ҷилдҳои алоҳида навишта шудаанд.
Баъзе китобҳо дар ин мавзӯъ:
1 - Китоби "Амалу-л-явми ва-л-лайла"—и Насоӣ, таҳқиқи Форуқ Ҳаммада.
2 - "Ал-Азкор"—и Имом Нававӣ, таҳқиқи Абдулқодир Ал-Арнаут.
3 - "Ас-Саҳиҳу-л-муснаду мин азкори-л-явми ва-л-лайла" нашри Дору Ибни Аффон, шаҳри Ал-Хубар, Арабистони Саудӣ.
4 - "Саҳиҳу-л-калими-т-таййиб"—и Албонӣ, нашри Ал-Мактабу-л-Исломӣ, шаҳри Бейрут, Лубнон.
5 - "Ҳусну-л-муслим"—и Саид ибни Алӣ ибни Ваҳф Ал-Қаҳтонӣ, нашри Муассисату-л-ҷурайсӣ, шаҳри Риёз, Арабистони Саудӣ.
Аллоҳ тавфиқдиҳанда аст.