Агар бонки мазкур рибавӣ бошад, кор кардан дар он ҷоиз нест. Зеро дар ҳадиси Ҷобир (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) омадааст, ки мефармояд:
Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) рибохӯр, рибодиҳанда, котиби муомилаҳои рибавӣ ва ду шоҳиди онро лаънат карда, фармудааст: «Онҳо (дар гуноҳ) яксонанд».
Ин ҳадисро Муслим дар китоби "Саҳиҳ"-и худ (2995) ривоят кардааст.
Аз Аллоҳ мехоҳем, ки дар ивази он, беҳтар аз онро насиби шумо гардонад.