5

Оё кӯтоҳ кардани мӯй танҳо аз паҳлӯҳои сар қазаъ ҳисобида мешавад?

Савол: 272795

Ман дар бораи қазаъ хондаам, вале ҳамаи ҷавобҳое, ки ман хондаам, мегуфтанд, ки он тарошидани қисми сар ва боқӣ гузоштани қисми дигаре аст. Оё ин ба он маъност, ки кӯтоҳ кардани мӯй дар баъзе қисмҳои сар ва боқӣ гузоштани қисмҳои дигар бо шакли равшане, ки ба қазаъ монанд аст, қазаъ ҳисобида намешавад? Масалан, агар касе мӯи паҳлӯҳои сарро кӯтоҳ кунад, то он ки дар он ҷо дарозии мӯй 1 см бошад, вале тарафи пеши сарро 7 ё 8 см дароз монад, оё ин ба қазаъ дохил намешавад, зеро ӯ ягон қисми мӯи сарро натарошидааст, балки танҳо кӯтоҳ кардааст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Бале, қазаъ тарошидани як қисми мӯй ва боқӣ гузоштани як қисми дигари он аст.

Аммо кӯтоҳ кардани миқдоре аз мӯи сар, масалан паҳлӯҳои сар ва боқӣ гузоштани мӯи мобайни сар, ба маънои аслии қазаъ дохил намешавад. Лекин агар онро хеле кӯтоҳ кунанд, пас ин низ мамнӯъ аст, зеро он ба қазаъ монандӣ дорад.

Чунки бо чунин тарз кӯтоҳ кардани мӯй дар замони мо аз нишонаҳои кофирону фосиқон аст, на аз хислатҳои аҳли муруввату адолат, пас барои мусалмон дуруст нест, ки ба онҳо монанд шавад.

Мо аз Ҷаноби Шайх Абдурраҳмон Ал-Баррок (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) дар бораи ҳамин масъала савол пурсидем, ва ӯ чунин посух дод:

"Ин ба қазаъ монандӣ дорад, гарчанде ки худи он қазаъ нест.

Бархе аз тарзҳои он монандӣ ба кофирон аст, ки дар байни мусалмонон паҳн шудааст". Поёни сухан.

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Сарчашма

Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android