сохранить
  • New List
Бештар
    сохранить
    • New List
4029/Зул-ҳиҷҷа/1446 , 25/Июн/2025

Харидани гӯшти хук ва ба ғайри мусалмонон хӯрондани он ҷоиз нест

Савол: 245688

Ҳукми шахсе, ки бо пули худ каме гӯшти хук мехарад ва онро ба ғайри мусалмон медиҳад, чӣ гуна аст? Касе ки ин корро як бор анҷом додааст, чӣ ҳукм дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Ин амали мусалмон ҳаром аст ва дар ҳаром будани он ҳеҷ шакке нест, зеро Бухорӣ (2236) ва Муслим (1581) аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардаанд, ки ӯ аз расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) шунидааст, ки дар соли фатҳи Макка дар Макка мефармуд:

«Аллоҳ ва расулаш хариду фурӯши шароб, мурдор, хук ва бутҳоро ҳаром кардаанд».

Фарқе надорад, ки ӯ онро ба аҳли китоб (яҳуду насоро) бидиҳад ва ё ба сагон бихӯронад ва ё ба ягон касе нахӯронад. Хариду фурӯши гӯшти хук ҳаром аст ва ҳатто арзиши он ҳам ҳаром аст.

Ибни Мунзир (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Донишмандон иҷмоъ кардаанд, ки хариду фурӯши гӯшти хук ҳаром аст".

Поёни сухан аз китоби Ал-Авсат" (10/20).

Ибн Баттол (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) низ гуфтааст:

"Олимон иҷмоъ намудаанд, ки хариду фурӯши гӯшти хук ҳаром аст".

Поёни сухан аз китоби "Шарҳу саҳиҳи-л-бухорӣ" (6/344).

Хӯрдани гӯшти хук низ ҳаром аст, ки ҳаром буданаш бо далелҳои китоби Аллоҳ таъоло, суннати паёмбараш ва иҷмоъи мусалмонон маълуму равшан аст.

Ҳар касе, ки чунин амал кунад, хоҳ як бор ё бештар, бояд ба даргоҳи Аллоҳ таъоло тавабаи насуҳ бикунад ва барои гуноҳони гузаштааш аз Ӯ бахшиш талабад ва дигар ба чунин кор барнагардад ва дар дини Аллоҳ бо касе созиш ва чоплусӣ накунад ва розигии мардумро наталабад ва бо гуноҳу маъсият ба мардум меҳрубонӣ накунад.

Агар бихоҳад ба мусалмон ё кофире таом бидиҳад, метавонад ба онҳо таому нӯшокии ҳалоли покиза бидиҳад. Ӯ набояд ба касе дар маъсияту нофармонии Аллоҳ таъоло ёрӣ расонад ва худаш низ набояд ба хотири хӯроку нӯшокӣ додани касе Парвардигорашро нофармонӣ кунад.

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Сарчашма

Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб

Гарди танзимоти матн

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android