Аввал:
Салибиён якчанд маротиба ба олами Исломӣ ҳамла намудаанд. Ин ҳамлаҳо ҳудуди 200-сол идома ёфтаанд. Ҳафт ҳамлаи салибӣ сурат гирифтааст, ки онро якчанд подшоҳони Аврупо роҳандозӣ намудаанд. Уммати Исломӣ бо роҳбарии машҳуртарин мардони ихлосмандаш бо тамоми қувват бар зидди ин ҳамлаҳо муқовимат кардааст.
Қиссаи ҳамлаҳои салибиён баъди ҳамлаи якум шурӯъ шуд. Чӯпонони Фаронса ба далели бад будани шароити иқтисодӣ, камбуди маҳсулоти кишоварзӣ, қимати болои онҳо дар он ҷо, аксарияти ширкаткунандагонро ташкил медоданд. Онҳо чанд гурӯҳ лашкареро таъсис доданд, ки онҳоро шоҳзодагони салибӣ сарварӣ мекарданд ва ин ҳамла бо номи "Ҳамлаи шоҳзодагон" маъруф шудааст, ки шумораи салибиён дар ин маърака ба як миллион нафар расид.
Ин ҳамлаи якуми салибиён (соли 488 - 492 ҳиҷрӣ мутобиқ ба соли 1095 - 1099 мелодӣ) бар зидди Қудс сурат гирифт ва дар роҳ салибиён аморати Руҳоро таъсис доданд, сипас аморати дувуми худро дар Антокиё соли 491-и ҳиҷрӣ мутобиқ ба соли 1098 мелодӣ таъсис додаанд. Салибиён ба сӯи Қудс раҳсипор шуда, дар роҳ мардуми бешумореро ба қатл расонидаанд. Онҳо (23-уми шаъбони соли 492 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба 15-уми июли соли 1099 мелодӣ) баъди муҳосирае, ки 41-руз давом кард, вориди Байтулмуқаддас шудаанд. Онҳо даҳшатноктарин кушторро анҷом доданд ва дар муддати як ҳафта беш аз ҳафтод ҳазор нафарро ба қатл расониданд. Онҳо шиками мурдагонро пора мекарданд ва сари кӯдаконро бераҳмона мебуриданд.
Ибни Асир (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
“Франкиҳо дар Масҷиди Ақсо беш аз ҳафтод ҳазор нафарро ба қатл расониданд, ки қисме аз онҳоро имомони мусалмонон, олимон, обидон ва зоҳидон, ки тарки ватан намуда, дар ин макони шариф сокин шуда буданд, ташкил медоданд. Инчунин, онҳо аз назди "Ас-сахра" (Гумбази санг) беш аз чиҳил чароғи нуқрагин, ки вазни ҳар як чароғ се ҳазору шашсад дирҳамро ташкил медод ва аз чароғҳои хурд бошад, яксаду панҷоҳ чароғи нуқрагин ва беш аз бист чароғи тиллогин ва чизҳои бешумореро ба ғанимат гирифтанд”. Поёни сухан аз китоби "Ал-Комил" (8/425).
Усқуф Вилям Сурӣ ин кушторро чунин васф кардааст:
“Он вақт ба шумораи зиёди кушташудагон бидуни ваҳшат назар кардан амри маҳол буд. Дар ҳама гӯшаву канор узвҳои ҷасадҳои кушташудагон пароканда шуда, худи замин бо хуни онон пӯшида шуда буд. На танҳо манзараи ҷасадҳои сарбурида ва гӯштпораҳои дар гирду атроф парешоншуда нигарандаро ба даҳшат меовард. Аз ин ҳам даҳшатноктараш нигоҳ кардан ба ғолибон буд, ки онҳо аз сар то по оғӯштаи хун буданд.
Ривоят шудааст, ки танҳо дар ҳудуди маъбад тақрибан даҳ ҳазор кофир (яъне даҳ ҳазор мусалмон) кушта шуда буданд, ки ин ба ҷуз он мурдаҳое мебошад, ки дар гӯшаву канори шаҳр, дар хиёбонҳову майдонҳо партофта шуда буданд, ки тахминан шумори онҳо ба теъдоди кушташудагон дар ҳудуди маъбад баробар буд. Бақияи сарбозон дар гирду атрофи шаҳр давр зада баъзе бадбахтҳоеро, ки зинда мондаву барои наҷоти ҷони худ дар тангкӯчаҳову роҳҳо пинҳон шуда буданд, ҷустуҷӯ мекарданд. Онҳоро дастгир намуда дар назди мардум, мисли гӯсфанд забҳ менамуданд. Баъзеҳо ба гуруҳҳо тақсим шуда ба хонаҳои мардум даромада, соҳибони хона ва занону кудаконро бо ҳамаи аъзои оила дастгир менамуданд. Баъзе ин қурбониҳоро ба қатл расониданд ва баъзеашонро аз баландӣ ба поён партофта, ба шакли фоҷиавор ҳалок намудаанд”.
Поёни сухан аз китоби "Давлату-с-салоҷиқати ва бурузу машруъи-л-исломӣ" (саҳ 484).
Ниг:
- "Ал-Ҳаракату-с-салибия"-и Саъид Абдулфаттоҳ (1/34).
- "Моҳияту-л-ҳуруби-с-салибия"-и Қосим Абдуҳу Қосим (саҳ 99-133).
- "Ал-ъибар"-и Ибни Халдун (5/210).
- "Давлату-с-салоҷиқа"-и Алӣ ибни Муҳаммади Саллобӣ (саҳ 473-485).
Дуввум:
Яке аз пешвоёни қаҳрамоне, ки Аллоҳ таъоло ӯро барои нусрати дини худ ва рад намудани макри душманаш ва дар муқобили салибиён ҷангидан, тасхир намуда буд, Нуриддин Маҳмуди Занкӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) мебошад. Падараш Имодиддини Занкӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) бар зидди салибиён ҷангида, якчанд шаҳрҳоро аз дасти онон озод намудааст. Баъд аз вафоти ӯ, писараш Нуриддин ҷиҳодро бар зидди салибиён идома дод.
Салоҳиддин Айюбӣ ҷанговари далер ва қаҳрамони нотарс буд. Нуриддин ӯро бисёр дӯст медошт ва ӯро аз наздикони худ қарор дода буд. Аз ин рӯ, ӯ Салоҳиддинро баъди бародараш сардори пулиси шаҳри Димишқ таъин карда буд.
Ибни Касир (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
“Нуриддин Маҳмуди Занкӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) амир Шамсу-д-давла Туроншоҳ ибни Наҷмиддинро волии Димишқ таъин карда буд ва баъд аз ӯ бародараш Салоҳиддин Юсуфро дар ҳамин мансаб таъин намуд ва ӯро яке аз наздикони хоси худ қарор дод, ки дар сафар ва дар маҳалли зист аз ӯ ҷудо намешуд”.
Поёни сухан аз китоби "Ал-Бидояту ва-н-ниҳоя" (16/373).
"Волӣ" касест, ки аз номи султон умури шаҳрро идора мекунад.
Асадуддин Шеркӯҳ (амаки Салоҳиддин Айюбӣ) яке аз амирони шуҷои Нуриддин Занкӣ буд. Вақте, ки Нуриддин ӯро ба Миср фиристод, Шеркӯҳ (дар Миср) вазоратро ба ӯҳда гирифт ва баъди вафоти ӯ, Салоҳиддин вазоратро ба ӯҳдаи худ гирифт ва аз дасти ӯ давлати Фотимиён аз байн бурда шуд.
Ибни Халдун (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
“Франкиҳо аҳли Мисрро зулму ситам намуда, бар онон ҷизя (хароҷ) бастанд. Ба Қоҳира пулисҳои худро оварда, дарвозаҳои шаҳрро зери тасарруфи худ дароварданд ва аз шоҳашон, ки дар Шом буд, дархост намуданд, ки омада Қоҳираро зери тасарруфи худ дарорад. Нуриддин шитоб намуда, Асадуддини Шеркӯҳро бо як гуруҳ ҷанговарон дар баҳори соли шасту чорум ба Қоҳира фиристод. Асадуддини Шеркӯҳ он ҷоро тасарруф намуда, Франкиҳоро аз Қоҳира ронд. Ал-Озид Асадуддини Шеркуро вазири худ таъин намуд. Баъди вафоти Асадуддин, писари бародараш Салоҳиддин ба курсии ӯ нишаст ва ӯ бо вуҷуди вазири Ал-Озид таъин шуданаш, дар тоати Нуриддин Маҳмуд буд. Баъди вафоти Ал-Озид, Нуриддин Маҳмуд бо як номае аз Салоҳиддини Айюбӣ талаб намуд, ки дар Миср даъвати Аббосиёнро барқарор бикунад ва дар хутбаи ҷумъа номи халифаи Аббосиён Мустазиъ зикр карда шавад. Дар ривоятҳо омадааст, ки Нуриддин Маҳмуд пеш аз вафоти Ал-Озид ба Салоҳиддин чунин фармон дода будааст ва баъди панҷоҳ рӯз ё каме пас аз он, Ал-Озид вафот намудааст. Сипас дар хутба номи Мустазиъи Аббосӣ зикр карда шуда, бо ҳамин дар соли шасту ҳафт (соли 567-и ҳиҷрӣ) давлати Алавиҳо дар Миср аз байн рафт”.
Поёни сухан аз китоби "Ториху Ибни Халдун" (5/290).
Нуриддин Маҳмуд (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) ҳаёти худро барои ҷанг бар зидди салибиён ва озод намудани Қудс бахшида буд. Ибни Касир (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
“Нуриддин Маҳмуд барои Байтулмуқаддас минбари бузургеро барои он рӯзе, ки Аллоҳ таъоло ӯро ғолиб гардонад, омода сохта буд”.
Поёни сухан аз китоби "Ал-Бидояту ва-н-ниҳоя" (16/593).
Аз ин рӯ, Нуриддин Маҳмуд ба ҷанг бар зидди салибиён идома дод, то ин ки Аллоҳ таъоло ӯро дар ҳоле, ки дар роҳи Аллоҳ меҷангид, ба шаҳодат расонд.
Ниг: Китоби "Ал-Қоиду-л-муҷоҳиду Нуруддин Маҳмуд Занкӣ"-и Алӣ ибни Муҳаммади Саллобӣ.
Аллоҳ таъоло фатҳи Байтулмуқаддасро бо дастони яке аз фармондеҳонаш, яъне Салоҳиддини Айюбӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) муяссар намуд. Ӯ дар соли 583-и ҳиҷрӣ дар Ҳиттин бо салибиён ҷангид ва Аллоҳ таъоло ӯро бар онҳо пирӯз кард. Ин пирузӣ муқаддимаи фатҳи Байтулмуқаддас буд. Ибни Касир мегӯяд:
“Маъракаи Ҳиттин барои мусалмонон як нишона, як муқаддима ва як муждае барои фатҳи Байтулмуқаддас ва наҷоти он аз дасти кофирон буд”.
Поёни сухан аз китоби "Ал-Бидояту ва-н-ниҳоя" (16579).
Аллоҳ донотар аст.