Пеш аз фатҳи исломӣ, Эрон таҳти ҳукумати Сосониён қарор дошт ва аз зулму фасод ва озору шиканҷаи густурда ранҷ мебурд. То замони фатҳи исломӣ, дини расмии Эрон зардуштия буд.
Фатҳи исломии Эрон дар давраи хилофати Абубакри Сиддиқ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) оғоз ёфт, замоне ки Мусанно ибни Ҳориса тавонист дар соли 13-уми ҳиҷрӣ баъзе сарзаминҳои муҷовири минтақаи Саводро фатҳ кунад.
Дар давраи хилофати Умар (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод), Абуубайди Сақафӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) кӯшиш кард, ки аз ҷанубу ғарбӣ ба Эрон ҳамла кунад ва дар соли 13 ҳиҷрӣ дар ҷанги Ҷиср бо форсҳо рӯ ба рӯ гардид. Ӯ бо Ҷобон рӯ ба рӯ шуд ва Аллоҳ маҷусонро шикаст дод ва Ҷобон асир шуд. Сипас Абуубайд ба сӯи Каскар рафт ва бо Нурсӣ рӯ ба рӯ шуда, ӯро шикаст дод. Баъд аз он, ӯ бо Ҷолинус рӯ ба рӯ шуд ва ӯро низ мағлуб сохт. Аммо пас аз он вазъият бар зарари мусалмонон баргашт ва бисёре аз онҳо кушта ва ё ғарқ шуданд ва Абуубайд (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) низ кушта шуд.
"Сияру аъломи-н-нубало" (2/421).
Сипас мусалмонон фатҳи Эронро бо роҳбарии Саъд ибни Абиваққос (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) дар соли 14 ҳиҷрӣ анҷом доданд, замоне ки лашкари мусалмонон дар ҷанги Қодисия бар форсҳо шикасти бузурге ба бор овард, ки яке аз бузургтарин ҷангҳои мусалмонон ба шумор меравад.
Таърихнигорон гуфтаанд, ки шумораи мусалмонон байни ҳафт то ҳашт ҳазор буд, дар ҳоле ки Рустам, сарфармондеҳи форсҳо, шаст ҳазор сипоҳ дошт.
Дар рӯзи душанбеи моҳи Муҳаррами соли 14 ҳиҷрӣ боди сахте вазид ва хаймаҳои форсҳоро аз ҷойҳояшон канд, тахти Рустамро, ки барояш гузошта буданд, ба замин андохт. Ӯ шитоб карда, бар хачири худ савор шуда гурехт, аммо мусалмонон ӯро дарк карда, ӯро куштанд. Ҳамчунин Ҷолинус, сарфармондеҳи пешсафони форсро низ куштанд ва форсҳо то охирин мард шикаст хӯрданд – ҳамду сано барои Аллоҳ – ва мусалмонон онҳоро таъқиб карданд. Дар он рӯз ҳамаи онҳое, ки бо занҷирҳо баста буданд, ба ҳалокат расиданд, ки шумораашон сӣ ҳазор буд. Даҳ ҳазор нафар дар ин ҷанг кушта шуданд ва қабл аз он низ наздик ба ин теъдод ба ҳалокат расида буд. Дар он рӯз ва рӯзҳои қаблӣ ду ҳазору панҷсад мусалмон шаҳид гардиданд, раҳмати Аллоҳ бар онҳо бод.
Мусалмонон гурезандагонро таъқиб карданд, то он ки вориди шаҳри подшоҳ шуданд, яъне Мадоин, ки қасри подшоҳи Хусрав онҷо қарор дошт.
Аз ҷанги Қодисия мусалмонон ғанимати ниҳоят бузурги молу силоҳ ба даст оварданд. Пас аз он ки ба сарбозон саҳмашон дода шуд, хумс ва хушхабарии пирӯзӣ ба Амирулмуъминин Умар ибни Хаттоб (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) фиристода шуд.
"Ал-Бидояту ва-н-ниҳоя" (9/630).
Сипас мусалмонон пешравии худро ба сарзамини Эрон идома доданд ва тавонистанд бахши ҷанубии Эронро фатҳ кунанд, дар ҳоле ки шоҳи онҳо Яздигурди савум ба минтақаи Исфаҳон дар маркази Эрон ақибнишинӣ кард ва дар талош барои бозпас гирифтани он чи аз даст дода буд, ба ҷамъоварии сарбозон шурӯъ кард.
Мусалмонон ва сарбозони Яздигурд дар соли 18 ҳиҷрӣ дар ҷанги Ҷалуло вохӯрданд, ки бо шикасти Яздигурд ва сарбозони ӯ анҷом ёфт ва ӯ боз ба самти Исфаҳон ақибнишинӣ кард.
Табарӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
"Аллоҳ таъоло дар он рӯз сад ҳазор нафар аз онҳоро ҳалок кард ва ҷасадҳо заминро аз ҳар тараф пӯшониданд. Онро Ҷалуло номиданд, зеро ки замин бо ҷасадҳои кушташудагон пӯшида шуда буд". Поёни сухан аз китоби "Ториху-т-табарӣ" (4/26).
Сипас Яздигурд дар соли 21 ҳиҷрӣ дар ҷанги сарнавиштсози Наҳованд бо мусалмонон рӯ ба рӯ шуд, ки дар он мусалмонон пирӯзии ошкоре ба даст оварданд. Пас аз он Сосониён дигар қудрате пайдо накарданд. Мусалмонон ғаниматҳои зиёдеро ба даст оварданд, ки боис шуд ин ҷангро "Фатҳу-л-футуҳ" номанд.
Ибни Касир (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
"Ин ҷанги бисёр бузург, бо аҳамияти азим ва хабари аҷибе буд. Мусалмонон онро фатҳу-л-футуҳ меномиданд". Поёни сухан аз китоби "Ал-Бидояту ва-н-ниҳоя" (10/111).
Барои он ки мусалмонон тамоми сарзаминҳои Эронро зери назорат гиранд, тақрибан даҳ сол лозим шуд, зеро он кишвар хеле бузург ва дорои заминҳои душворгузар буд.
Яке аз омилҳое, ки дар паҳн шудани Ислом дар Эрон нақш бозид, ин ҳиҷрати қабилаҳои зиёди араб ба сарзамини Эрон буд, ки дар он ҷо муқим шуданд ва бо эрониён омехтанд.
Эрон тақрибан нӯҳ аср бар мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоъат буд, то он ки давлати шиаи Сафавиён дар соли 906 ҳиҷрӣ онро ба даст гирифт.
Ниг:
- "Ториху-т-табарӣ"–и Ибни Ҷарири Табарӣ.
- "Сияру аъломи-н-нубало"–и Ҳофиз Шамсиддини Заҳабӣ.
- "Ал-Бидояту ва-н-ниҳоя"–и Ҳофиз Ибни Касири Димашқӣ.
- "Ал-Муфассалу фӣ торихи-л-араби қабла-л-ислом"–и Доктор Ҷавод Алӣ.
- "Эрон фӣ зилли-л-исломи фи-л-ъусури-с-суннияти ва-ш-шиъия"–и Доктор Абдулмунъим Ҳасанайн.
- "Қодату фатҳи билоди форис"–и Маҳмуд Шит Хаттоб.
- "Эрон ва Афғонистон"–и Маҳмуд Шокир
- "Эрон мунзу фаҷри-т-торих ҳатта-л-фатҳи-л-исломӣ"–и Доктор Муҳаммад Абдулқодир Муҳаммад.
Аллоҳ таъоло донотар аст.