Мо аз Аллоҳ хоҳонем, ки ғаму андӯҳ ва азобу машаққати бародарони мусалмонамонро дар он минтақа бартараф кунад ва миёни онҳо ва душманонашон ба ҳақ доварӣ намояд, зеро Ӯ довари доност.
Маслиҳати мо ба онҳо ин аст, ки сабр кунанд ва ба дини худ устувор бошанд, зеро имтиҳонҳову озмоишҳо суннати доимии Аллоҳ таъоло барои бандагонаш мебошад.
Аллоҳ таъоло мефармояд:
أَحَسِبَ النَّاسُ أَنْ يُتْرَكُوا أَنْ يَقُولُوا آمَنَّا وَهُمْ لا يُفْتَنُونَ ❁ وَلَقَدْ فَتَنَّا الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ فَلَيَعْلَمَنَّ اللهُ الَّذِينَ صَدَقُوا وَلَيَعْلَمَنَّ الْكَاذِبِينَ
سورة العنكبوت: ٢-٣
«Оё мардум пиндоштаанд, ҳамин ки бигӯянд: "Имон овардем" раҳо мешаванд ва озмуда намешаванд? Ва ба ростӣ касонеро, ки пеш аз онон буданд, озмудем ва албатта Аллоҳ касонеро, ки рост гуфтаанд, маълум мекунад ва дурӯғгӯёнро (низ) маълум месозад». (Сураи Анкабут: 2 - 3).
Дувум:
Яке аз фазлу неъматҳои Аллоҳ таъоло бар бандагони мусалмонаш ин аст, ки шахсе, ки зери фишор қарор дорад, барои коре, ки дар зери фишор анҷом медиҳад, ҷавобгар нест. Ҳар коре, ки ӯ зери фишор анҷом медиҳад, анҷом додану надодани он яксон аст. Масалан, агар рӯзадорро бо зӯрии воқеӣ ба хӯрдану нӯшидан маҷбур кунанд ва ӯ битарсад, ки агар нахӯрад ва ё нанӯшад, ба ӯ ва ё хонаводааш зарар расонида мешавад, рӯзааш фосид намешавад.
Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
Агар ӯ маҷбур карда шавад (ки рӯзаашро бихӯрад), рӯзааш дуруст аст ва қазои он бар ӯ воҷиб намегардад, зеро Аллоҳ таъоло ҳукми куфрро аз касе, ки бо фишор ва иҷбор кофир шудааст, дар ҳоле, ки қалбаш бо имон ором аст, бардоштааст.
Аллоҳ таъоло мефармояд:
مَن كَفَرَ بِاللهِ مِن بَعْدِ إِيمَانِهِ إِلَّا مَنْ أُكْرِهَ وَقَلْبُهُ مُطْمَئِنٌّ بِالْإِيمَانِ وَلَٰكِن مَّن شَرَحَ بِالْكُفْرِ صَدْرًا فَعَلَيْهِمْ غَضَبٌ مِّنَ اللهِ وَلَهُمْ عَذَابٌ عَظِيمٌ
سورة النحل: ١٠٦
«Ҳар кас, ки пас аз имонаш ба Аллоҳ куфр варзад (ба азоб гирифтор мешавад), магар касе, ки водор (ба куфр) шавад ва дилаш ба имон орому устувор бошад, вале касе, ки синаашро ба куфр кушояд, хашми Аллоҳ таъоло бар онон аст ва азоби бузурге (дар пеш) доранд». (Сураи Наҳл: 106).
Пас агар Аллоҳ таъоло ҳукми куфрро аз касоне, ки ба он маҷбур шудаанд, бардошта бошад, пас гуноҳони сабуктар аз куфрро аз боби авло бардоштааст. (Яъне агар инсон дар ҳолати маҷбурӣ калимаи куфрро ба забон орад, вале қалбаш ба имон устувор бошад, ӯ кофир намешавад ва ин гуноҳаш бахшида мешавад. Ҳамчунин агар инсон дар ҳолати маҷбурӣ гуноҳи дигареро, ки сабуктар аз куфр аст, анҷом бидиҳад, гунаҳкор намешавад ва ин гуноҳ низ бахшида мешавад). Зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Аллоҳ таъоло аз уммати ман хатову фаромӯшӣ ва он чи ки бар он маҷбур карда мешаванд, гузашт кардааст».
Поёни сухан аз "Маҷолису шаҳри Рамазон" (саҳ: 82).
Ман ин саволро, ки ба вазъияти ин минтақаи Чин рабт дорад, ба Шайхамон Абдурраҳмон Ал-Баррок (Аллоҳ таъоло ӯро ҳифз кунад) пешниҳод кардам, ӯ чунин посух гуфт:
Онҳо бояд дар вақте ки назораткунандагон ҳозир нестанд, аз хӯрдану нӯшидан худдорӣ кунанд ва вақте ки зери назорат қарор доранд, метавонанд бихӯранд ба қадре, ки аз худашон зарарро бартараф созанд. Ва рӯзаи онҳо дуруст аст ва ба қазои он ниёзе надоранд, зеро Аллоҳ таъоло мефармояд:
مَن كَفَرَ بِاللهِ مِن بَعْدِ إِيمَانِهِ إِلَّا مَنْ أُكْرِهَ وَقَلْبُهُ مُطْمَئِنٌّ بِالْإِيمَانِ وَلَٰكِن مَّن شَرَحَ بِالْكُفْرِ صَدْرًا فَعَلَيْهِمْ غَضَبٌ مِّنَ اللهِ وَلَهُمْ عَذَابٌ عَظِيمٌ
سورة النحل: ١٠٦
«Ҳар кас, ки пас аз имонаш ба Аллоҳ куфр варзад (ба азоб гирифтор мешавад), магар касе, ки водор (ба куфр) шавад ва дилаш ба имон орому устувор бошад, вале касе, ки синаашро ба куфр кушояд, хашми Аллоҳ таъоло бар онон аст ва азоби бузурге (дар пеш) доранд». (Сураи Наҳл: 106).
Ҳамчунин Аллоҳ таъоло мефармояд:
فَاتَّقُوا اللهَ مَا اسْتَطَعْتُمْ
سورة التغابن: ١٦
«Пас, он қадар ки тавонед, аз Аллоҳ битарсед». (Сураи Тағобун: 16).
Поёни сухан.