Table Of Contents
Рукнҳои ҳаҷ
Рукнҳои ҳаҷ чортоянд, воҷибҳояш ҳафтто ва ҳар чӣ ҷузъ аз ин ду бошад, суннат ҳисоб мешавад.
Баҳутӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Арравзу-л-мурбиъ" (1/285) мегӯяд:
Рукнҳои ҳаҷ чаҳортоянд:
1. Эҳром, ки нияти духул ба маносики ҳаҷ мебошад, бар асоси ҳадиси зерин: «Ҳаройина амалҳо ба ниятҳо вобастагӣ доранд».
2. Истодан дар Арафа, бар асоси ҳадиси зерин: «Ҳаҷ Арафа аст».
3. Тавофи зиёрат (ки онро тавофи ифоза ҳам мегӯянд). Ин бар асоси сухани Аллоҳ таъоло аст, ки мефармояд:
وَلْيَطَّوَّفُوا بِالْبَيْتِ الْعَتِيقِ
سورة الحج: ۲۹
«Ва Байту-л-Атиқ (хонаи кӯҳан ва гиромии Каъба)-ро тавоф намоянд». (Сураи Ҳаҷ: 29).
4. Саъй байни Сафо ва Марва, бар асоси ҳадиси зерин: «Саъй кунед, зеро ки Аллоҳ саъйро бар шумо фарз гардонидааст». Ривояти Аҳмад.
Воҷибҳои ҳаҷ
Воҷибҳои ҳаҷ ҳафттоянд:
1. Эҳром аз миқоте, ки барои шахс мӯътабар аст. Яъне эҳром бояд аз миқот бошад. (Эҳром аз миқот яке аз воҷибҳои ҳаҷ аст). Аммо худи эҳром яке аз рукнҳои ҳаҷ мебошад.
2. Истодан дар Арафа то ғуруби офтоб, барои касе, ки дар рӯз дар он ҷо истодааст.
3. Шабгузаронӣ дар Мино дар рӯзҳои Ташриқ (рӯзҳои 11, 12 ва 13-уми Зу-л-ҳиҷҷа), ба ғайр аз онҳое ки ҳоҷиёнро бо об таъмин мекунанд ё чорвоҳои онҳоро нигоҳубин мекунанд.
4. Шабгузаронӣ дар Муздалифа то баъд аз нимаи шаб, барои онҳое ки пеш аз ин вақт ба он ҷо расидаанд, ба истиснои онҳое ки ҳоҷиёнро об таъмин мекунанд ё чорвои онҳоро нигоҳубин мекунанд. [Баъзе аз донишмандон шабгузарӣ дар Муздалифаро рукне аз аркони ҳаҷ медонанд, ки ҳаҷ бе он дуруст нест. Ибни Қаййим (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар "Зоду-л-маъод” (2/233) ба ҳамин дидгоҳ гароиш дорад].
5. Санг партофтан ба Ҷамарот бо тартиб.
6. Тарошидан ё кӯтоҳ кардани мӯи сар.
7. Тавофи видоъ.
Агар шахс ҳаҷҷи таматтуъ ё қирон анҷом бидиҳад, пас бояд қурбонӣ кунад. (Яъне як гӯсфандеро забҳ намояд). Зеро Аллоҳ таъоло мефармояд:
فَمَنْ تَمَتَّعَ بِالْعُمْرَةِ إِلَى الْحَجِّ فَمَا اسْتَيْسَرَ مِنَ الْهَدْيِ فَمَنْ لَمْ يَجِدْ فَصِيَامُ ثَلَاثَةِ أَيَّامٍ فِي الْحَجِّ وَسَبْعَةٍ إِذَا رَجَعْتُمْ تِلْكَ عَشَرَةٌ كَامِلَةٌ ذَلِكَ لِمَنْ لَمْ يَكُنْ أَهْلُهُ حَاضِرِي الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ
سورة البقرة: ١٩٦
«Касе, ки аз умра баҳраманд гардад ва сипас ҳаҷро оғоз кунад, он чи аз қурбонӣ муяссар шуд (забҳ мекунад) ва касе, ки (қурбонӣ) наёбад, се рӯз дар ҳаҷ ва ҳафт рӯз ҳангоме ки (ба хона) бозгаштед, рӯза бигирад. Ин даҳ рӯзи комил аст. Ин барои касест, ки хонаводааш сокини Масҷид-ул-ҳаром (Макка ва атрофи он) набошад». (Сураи Бақара: 196).
Суннатҳои ҳаҷ
Боқимондаи амалҳо ва суханони ҳаҷ суннат мебошанд, аз қабили тавофи қудум, шабгузаронӣ дар Мино дар шаби Арафа, изтибоъ (кушодани китфи рост дар тавофи умра ва қудум), рамал (қадамҳоро наздик-наздик гузошта тез роҳ гаштан дар се даври аввали тавофи умра ва қудум), бӯсидани Ҳаҷару-л-асвад, зикрҳо, дуоҳо ва баромадан ба Сафову Марва.
Рукнҳои умра
Рукнҳои умра сетоанд:
1. Эҳром.
2. Тавоф.
3. Саъй байни Сафо ва Марва.
Воҷибҳои умра
1. Тарошидан ё кӯтоҳ кардани мӯи сар.
2. Эҳром аз миқот. Поёни сухан.
Фарқияти рукну воҷиб ва суннат
Фарқияти рукн, воҷиб ва суннат ин аст, ки ҳаҷ бидуни рукн дуруст нест. Бидуни воҷиб ҳаҷ дуруст аст, аммо дар назди аксари донишмандон барои касе, ки онро тарк кардааст, воҷиб аст, ки гӯсфандеро забҳ кунад. Аммо агар касе суннатро тарк намояд, ҳеҷ чизе бар ӯ воҷиб намегардад.
Барои дарёфти далелҳои рукнҳо, воҷибҳо, суннатҳо ва аҳкоми ҳаҷ лутфан ба китоби "Ашшарҳу-л-умтиъ" (7/380-410) руҷӯъ кунед.
Аллоҳ таъоло донотар аст.