Шахсе, ки Исломро пазируфтааст, қазои намозҳо, рӯзаҳо ва закотҳоеро, ки дар замони куфр аз ӯ фавт шудаанд, адо наменамояд. Зеро Аллоҳ таъоло мефармояд:
قُل لِّلَّذِينَ كَفَرُوا إِن يَنتَهُوا يُغْفَرْ لَهُم مَّا قَدْ سَلَفَ
سورة الأنفال: ٣٨
«Ба касоне, ки кофир шудаанд, бигӯ: агар (аз куфр) бозистанд, он чӣ гузаштааст, барояшон омурзида мешавад». (Сураи Анфол: 38).
Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд: «Ислом он чиро, ки пеш аз он гузаштааст, аз байн мебарад». Ин ҳадисро Муслим дар "Саҳиҳ"-и худ (121) ривоят кардааст.
Зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба ҳеҷ яке аз касоне, ки Исломро пазируфта буданд, дастур надодааст, ки ибодатҳоеро, ки дар давраи куфрашон аз даст дода буданд, қазо намоянд. Уламои исломӣ низ дар ин масъала иҷмоъ намудаанд.