Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Ин савол ба Шайх Муҳаммад ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) матраҳ карда шуд ва ӯ чунин посух дод:
Донишмандон мегӯянд: Агар инсон бо ҳадафи дунявӣ ва барои ба даст овардани пул ҳаҷ кунад, ин амал ҳаром аст. Барои ӯ ҳалол нест, ки дар амали охират чизи дунявиро ният бикунад, зеро Аллоҳ таъоло мефармояд:
مَن كَانَ يُرِيدُ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا وَزِينَتَهَا نُوَفِّ إِلَيْهِمْ أَعْمَالَهُمْ فِيهَا وَهُمْ فِيهَا لَا يُبْخَسُونَ ❁ أُولَٰئِكَ الَّذِينَ لَيْسَ لَهُمْ فِي الْآخِرَةِ إِلَّا النَّارُ وَحَبِطَ مَا صَنَعُوا فِيهَا وَبَاطِلٌ مَّا كَانُوا يَعْمَلُونَ
سورة هود: ١٥-١٦
«Касоне, ки зиндагии дунё ва зинати онро мехоҳанд, (подоши) корҳояшонро дар ин (дунё) пурра медиҳем ва дар он каму косте нахоҳанд дид. Инон касоне ҳастанд, ки дар охират ҷуз оташ насибе надоранд ва он чи дар дунё анҷом додаанд, бар бод рафтааст ва он чи мекарданд, ботил аст». (Сураи Ҳуд: 15-16).
Шайху-л-ислом Ибни Таймия (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: Ҳар кас танҳо ба хотири гирифтани пул (ва ба даст овардани мол) ҳаҷ кунад, дар охират баҳрае нахоҳад дошт. Аммо агар шахс барои анҷоми ҳаҷ ё кӯмак ба анҷоми ҳаҷ пул бигирад, пас дар ин амал ҳеҷ боке ва гуноҳе нест.
Инсон бояд аз гирифтани пул ба ҳадафи аввал парҳез кунад, зеро хавф вуҷуд дорад, ки ҳаҷҷи ӯ пазируфта нашавад ва ҳаҷҷи шахсе, ки аз номи ӯ бар ивази мол ҳаҷ мекунад, ҳисобида нашавад. Агар бигӯем, ки ҳаҷҷи ӯ дуруст нест ва ҳаҷҷи шахсе ки аз номи ӯ бар ивази мол ҳаҷ кардааст, ҳисобида нашудааст, дар чунин ҳолат, ӯ бояд хароҷот ва пули гирифтаашро ба соҳибаш баргардонад.
Вале инсон метавонад пул бигирад, то бо он аз номи каси дигаре ҳаҷ намояд ва он пулро барои адо намудани ҳаҷ истифода барад. Нияти ӯ дар ин чиз бароварда сохтани ниёзҳои соҳиби худ ва тақарруб ба Аллоҳ таъоло ба василаи ибодатҳо дар машоъири ҳаҷ ва дар назди хонаи Аллоҳ таъоло бошад.