Вазифаи халифаи мусулмонон чист?

Савол: 21509

Вазифаи халифаи мусулмонон чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Донишмандон вазифаҳоеро, ки халифа ё пешво бояд барои раъоё ва аҳолии сарзамини худ анҷом бидиҳад, баён кардаанд. Аз ҷумлаи ин маворид, сухани Ал-Мовардӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) аст, ки дар баёни вазифаҳои зарурии пешво мегӯяд:

"Вазифаҳои ӯ дар умури умумӣ даҳ чиз аст:

Аввал: Ӯ бояд динро тибқи асосҳои устувори он ва он чизе, ки гузаштагони уммат бар он иҷмоъ кардаанд, ҳифз намояд. Агар бидъатгузоре зуҳур кунад ё гумонманду шубҳадоре мунҳариф шавад, бояд ҳуҷҷатро ба ӯ баён кунад, дидгоҳи саҳеҳро ба ӯ бифаҳмонад, ҳуқуқҳои ӯро бидиҳад ва ҳудуду ҷазои Шариъатро бар ӯ ҷорӣ намояд, то дин аз нуқсониву харобшавӣ муҳофизат шавад ва уммат аз гумроҳӣ эмин монад.

Дувум: Ӯ бояд миёни хусуматкунандагон ҳукмҳоро ҷорӣ кунад ва ба баҳсҳову мунозираҳои хусуматкунандагон хотима гузорад, то адолату инсоф ҳукмфармо гардад, ситамкорон аз ҳад нагузаранд ва мазлумон худро нотавон ҳис накунанд.

Савум: Ӯ бояд амният ва осоиштагии умумиро таъмин кунад ва занону кӯдакони умматро ҳифз намояд, то мардум битавонанд бо амният ба корҳову зиндагии худ машғул шаванд ва дар сафарҳо бидуни хатар ба ҷони худ ё молу мулкашон ҳаракат кунанд.

Чаҳорум: Ӯ бояд ҳудуд ва ҷазоҳои шаръиро ҷорӣ намояд, то ҳурумоту муқаддасоти Аллоҳ таъоло поймол нашавад ва ҳуқуқи бандагонаш аз талафу нобудшавӣ ҳифз гардад.

Панҷум: Ӯ бояд сарҳадҳоро бо таҷҳизот ва нерӯҳо мустаҳкам созад, то душман имкони таҷовуз ба сарзамини мусулмонон ё рехтани хуни онҳо ва ё хуни ғайримусалмононе, ки зери ҳимояи давлати исломӣ ҳастанд, наёбад.

Шашум: Ӯ бояд бар зидди онҳое, ки пас аз даъват ба Ислом бо он мухолифат мекунанд, ҷиҳод намояд, то он даме, ки мусулмон шаванд ё розӣ шаванд, ки зери ҳимояи мусалмонон зиндагӣ бикунанд ва ҷизя пардозанд, то ҳуқуқи Аллоҳ таъоло иҷро гардад ва дини Ӯ бар ҳамаи динҳо ғолиб шавад.

Ҳафтум: Ӯ бояд ғаниматҳо ва закоту садақаҳоро мувофиқи он чӣ ки дар матнҳои шаръӣ ва иҷтиҳоди уламо омадааст, бидуни тарсу ҳарос ва ситам ҷамъоварӣ кунад.

Ҳаштум: Ӯ бояд муайян кунад, ки аз байту-л-мол (хазинаи давлати исломӣ) ба касоне, ки сазовори он ҳастанд, чӣ гуна кӯмакҳо дода шавад, бе исроф ва бе бухл ва бояд онҳоро сари вақт пардохт кунад — на зудтар ва на дертар.

Нӯҳум: Ӯ бояд одамони боэътимод ва боихлосро ба вазифаҳову корҳои гуногун таъин кунад ва ба онҳо маблағҳоро бисупорад, то ки корҳо ба таври самаранок анҷом дода шаванд ва молу сарват дар дасти одамони боэътимод бошад.

Даҳум: Ӯ бояд корҳои давлатро шахсан назорат кунад ва вазъиятҳоро бисанҷад, то сиёсати умматро пеш барад ва динро ҳимоя бикунад. Ӯ набояд аз сабаби машғулият ба лаззат ё ибодат масъулиятро ба дигарон вогузорад, зеро мумкин аст, ки шахси боэътимод хиёнат бикунад ва шахси боихлос фиреб бидиҳад.
Аллоҳ таъоло фармудааст:

يَا دَاوُودُ إِنَّا جَعَلْنَاكَ خَلِيفَةً فِي الْأَرْضِ فَاحْكُم بَيْنَ النَّاسِ بِالْحَقِّ وَلَا تَتَّبِعِ الْهَوَىٰ فَيُضِلَّكَ عَن سَبِيلِ اللهِ

سورة ص: ٢٦

«Эй Довуд, ҳаройна, Мо туро дар замин халифа ва фармонраво сохтем. Пас дар миёни мардум ба ҳақ доварӣ кун ва пайрави ҳавои нафс набош, ки туро аз роҳи Аллоҳ гумроҳ мекунад».   (Сураи Сод: 26).
Аллоҳ таъоло иҷозат надод, ки Довуд вазифаҳояшро ба дигарон бидуни дахолати мустақим супорад ва ӯро дар пайравии ҳавои нафс маъзур накард, баръакс, инро гумроҳӣ номид. Гарчанде инҳо вазифаҳои халифа ҳастанд, ки дар дин омадааст, ҳамчунин ҳуқуқи сиёсии ҳар касест, ки бар ӯ ягон масъулият гузошта шудааст.
Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Ҳар яке аз шумо масъулед ва ҳар яке аз шумо дар барои раъияти худ пурсида хоҳед шуд».

Агар пешво ҳуқуқи умматро, ки дар боло зикр кардем, ба ҷо оварад, пас ӯ ҳаққи Аллоҳ таъолоро нисбат ба мардум адо кардааст ва дар ин ҳолат ду ҳақ бар мардум воҷиб аст, итоат ва дастгирӣ намудани ӯ, то он даме, ки ҳолаташ тағйир наёбад". Поёни сухан аз китоби "Ал-Аҳкому-с-султония" (саҳ 19, 20).

Сарчашма

Сарчашма

"Ал-Аҳкому-с-султония" (саҳ 19, 20)

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android