Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:
Ҳаҷару-л-асвад санги махсусе аст, ки Аллоҳ таъоло бӯсидан ва ламс кардани онро барои мо машрӯъ кардааст. Аллоҳ таъоло хостааст, ки он дар яке аз гӯшаҳои Каъба, ки дар намоз ба он рӯ меоварем, гузошта шавад. Барои тавофкунандагон машрӯъ шудааст, ки агар тавонанд, онро бибӯсанд ё ламс кунанд (яъне дастони худро ба он бимоланд), вале агар муяссар нашавад, ҳангоме ки ба рӯ ба рӯи он бирасанд, ба он ишора кунанд ва "Аллоҳу акбар" бигӯянд.
Дар ҳадисе, ки Тирмизӣ ва дигарон ривоят кардаанд, омадааст ки Ҳаҷару-л-асвад аз осмон фуруд омадааст. Вале дар санади он заъф вуҷуд дорад... (Ин ҳадисро Тирмизӣ ривоят кардааст ва Албонӣ онро дар китоби "Саҳиҳу-т-тирмизӣ" 695 саҳеҳ донистааст).
Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод.