Истифодаи дастмоли коғазӣ (сачоқи коғазин, салфетка) ва коғази ҳоҷатхона барои пок кардани наҷосат

Савол: 2138

Дар Бритониё мо дар ҳоҷатхона барои истинҷо дастмоли коғазӣ ва коғазро истифода мебарем. Оё пас аз истифодаи дастмоли коғазӣ бояд об ҳам истифода бурд ё не?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Истифодаи дастмоли коғазӣ, коғази ҳоҷатхона ва чизҳои монанди он барои истиҷмор (пок кардани авратҳо пас аз пешоб ё наҷосат бо санг, кулӯх, коғаз ва монанди инҳо) ҷоиз аст. Агар ду махраҷро тоза ва пок кунӣ, кофӣ мебошад. Беҳтар аст чизҳое, ки барои истиҷмор истифода мешавад, тоқ бошанд — се дона коғази ҳоҷатхона ё се дона санг ва монанди инҳо — ва набояд камтар аз се бор пок кард. Пас аз он истифодаи об воҷиб нест, вале истифодаи он суннат аст.

Сарчашма

Сарчашма

"Фатово-л-лаҷнати-д-доима" 5/107

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android