Бар ин духтар воҷиб аст, ки аз муҳите, ки дар он ҷо бар зидди дини ӯ мубориза бурда мешавад ва ӯ мавриди фитна ва озмоиш дар динаш қарор мегирад, берун шавад, зеро эҳтимол дорад, ки онҳо муваффақ шаванд ӯро аз дини Аллоҳ боздоранд. Ӯ бояд ба наздиктарин макони амне паноҳ барад, ки дар он ҷо битавонад ҷону динашро дар амон нигоҳ дорад.
Барои берун шудан аз он ҷо, ҷоиз аст, ки аз баъзе роҳу усулҳои ҳилаомез истифода барад ё ба онҳо дурӯғ бигӯяд ва ё аз шахси амонатдору боэътимоде, ки метавонад дар ин кор ба ӯ кӯмак расонад, ёрӣ бипурсад.
Бар ӯ ҷоиз нест, ки дар маконе бимонад, ки дар он ҷо динаш мавриди озмоиш қарор мегирад, магар ин ки роҳи раҳоӣ ва гурез аз он ҷо барояш имконнопазир бошад.
Агар ӯ аз раҳоӣ ёфтан оҷиз бошад, бояд сабр пеша кунад ва ранҷу азоберо, ки ба ӯ мерасад, бо умеди савоб таҳаммул намояд. Ҳамчунин, набояд бо аҳли хонаводааш ба гунае бархӯрд кунад, ки онҳоро бар зидди худ барангезад ва боиси он гардад, ки ӯро озор диҳанд ё шиканҷа кунанд.
Ӯ бояд бо дуо аз Аллоҳ таъоло ёрӣ бихоҳад ва бо изҳори ниёзу зорӣ аз Ӯ талаб кунад, ки барояш роҳи раҳоӣ ва баромадан аз ин вазъро фароҳам созад. Ҳамчунин, дар вақтҳои қабули дуо бояд ба зикри Аллоҳ таъоло ва зориву тавалло ба даргоҳи Ӯ бештар машғул шавад.
Ҳар касе аз вазъи ӯ огоҳ бошад ва тавони кумак ба ӯро дошта бошад, бар ӯ воҷиб аст, ки ба ёриаш бишитобад. Барои мусулмон ҷоиз нест, ки бародари мусулмони худро дар ҳоле, ки метавонад ӯро аз фитна дар динаш раҳо созад, ба чунин озмоиш вогузорад.
Ва Аллоҳ донотар аст.