Сабабҳои суст шудани имон

Савол: 20059

Баъзан ман мушкилоти имонӣ дорам. Ман медонам, ки ин аз шайтон аст. Оё метавонед бароям баъзе қиссаҳоеро нақл намоед, ки имонамро мустаҳкам кунад?

Хулосаи ҷавоб

Сабабҳои суст шудани имон инҳоянд:

- Надонистани номҳову сифатҳои Аллоҳ таъоло имонро коҳиш медиҳад.
- Рӯй гардондан аз тафаккур дар оятҳои кавнию шаръии Аллоҳ таъоло.
- Анҷом додани гуноҳу маъсият, зеро гуноҳ ба қалбу имон таъсири бузурге дорад.
- Тарки тоъату ибодат, зеро тарки тоъату ибодат сабаби коҳишии имон аст.

Матни ҷавоб

Илоҷу чораи суст шудани имон

Гоҳо инсон ба ғафлат гирифтор мешаваду, имонаш суст мегардад. Чораи он истиғфори зиёд, мудовамат дар зикри Аллоҳ, қироати Қуръон бо тадаббуру ҳузури қалб ва амал бо он аст. Зеро ин омилҳо дилро аз саҳлангорӣ пок сохта, онро аз хоби ғафлат бедор мекунанд. Ва бисёр муҳим аст, ки амалҳои солеҳ зиёд анҷом дода шавад.

Сабабҳои суст шудани имон

Барои суст шудани имон якчанд сабабҳое вуҷуд доранд, аз ҷумла:

• Надонистани номҳову сифатҳои Аллоҳ таъоло имонро коҳиш медиҳад, зеро агар маърифату шиносоии инсон оиди номҳову сифатҳои Аллоҳ коҳиш ёбад, имонаш ҳам коҳиш меёбад.

• Рӯй гардондан аз тафаккур дар оятҳои кавнию шаръии Аллоҳ таъоло. Зеро ин боиси кам шудани имон мегардад ё ҳадди ақал имонро беҳаракат месозад, ки рушд намекунад.

• Анҷом додани гуноҳу маъсият, зеро гуноҳ ба қалбу имон таъсири бузурге дорад. Ба ҳамин хотир, паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Зинокор ҳангоми зино кардан мӯъмин нест».   Ривояти Бухорӣ (2475) ва Муслим (57).

• Тарки тоъату ибодат, зеро тарки тоъату ибодат сабаби коҳишии имон аст. Агар ибодат фарз бошад ва банда онро бе узр тарк кунад, ин камбудиест, ки банда барои он сарзанишу иқоб карда мешавад. Аммо агар ибодат фарз набошад ё фарз бошад, вале банда онро бо узр тарк кунад, ин камбудиест, ки банда барои он сарзаниш карда намешавад.

Китоби "Маҷмуъу фатово ва расоил"-и Ҷаноби Шайх Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Усаймин 1/52.

Эй хоҳари саволдиҳанда! Мо ба шумо тавсия медиҳем, ки Қуръонро зиёд бихонед ва дар оятҳояш тадаббур кунед. Зеро он барои дили шумо шифо мебошад, агар Аллоҳ бихоҳад.
Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَنُنَزِّلُ مِنَ الْقُرْآنِ مَا هُوَ شِفَاءٌ وَرَحْمَةٌ لِّلْمُؤْمِنِينَ

سورة الإسراء: ٨٢

«Ва аз Қуръон он чиро нозил мекунем, ки барои мӯъминон шифову раҳмат аст».   (Сураи Исро: 82).
Мо ҳамчунин ба шумо тавсия медиҳем, ки қиссаҳои паёмбаронро бо тадаббур бихонед. Аллоҳ таъоло қиссаҳои онҳоро дар китоби худ (Қуръон) овардааст, то дили паёмбараш (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва дилҳои мӯъминони ҳамроҳи ӯро бо он устувор гардонад.
Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَكُلًّا نَّقُصُّ عَلَيْكَ مِنْ أَنبَاءِ الرُّسُلِ مَا نُثَبِّتُ بِهِ فُؤَادَكَ وَجَاءَكَ فِي هَٰذِهِ الْحَقُّ وَمَوْعِظَةٌ وَذِكْرَىٰ لِلْمُؤْمِنِينَ

سورة هود: ١٢٠

«Ҳар хабаре аз ахбори паёмбаронро  бароят ҳикоят мекунем, то дилатро бо он устувор гардонем. Ва дар ин (сура ва қиссаҳои он) барои ту сухани ҳақ ва барои мӯъминон панду ёдоварӣ омадааст».   (Сураи Ҳуд: 120).

Эй Аллоҳ, имонро бароямон маҳбуб бигардон ва куфру фисқ ва маъсияту гуноҳро бароямон нохуш бигардон ва моро аз ҷумлаи ҳидоятёфтагон қарор бидеҳ.

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Сарчашма

Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android