28

Хавориҷон кистанд?

Савол: 182237

Мехоҳам дар бораи хавориҷ бипурсам.

Хулосаи ҷавоб

- Хавориҷ яке аз гурӯҳҳои гумроҳ ва берун аз дин мебошад. Ин бо далелҳо ва иҷмоъ собит шудааст. Онҳо аз ҷумлаи аҳли аҳво ва бидъат буда, аз роҳу равиши аҳли суннат ва ҷамоъат берунанд, вале мо ононро мисли дигар бидъаткорон ба сабаби бидъаташон кофир намешуморем.

- Аз ҷумлаи бидъатҳои хавориҷ:

1.Онҳо эътиқод мекунанд, ки имон зиёду кам намешавад.

2.Шахсеро, ки амали воҷибро тарк мекунад, кофир мешуморанд.

3.Шахсеро, ки гуноҳи кабираро анҷом медиҳад, кофир меҳисобанд.

4.Бар зидди мухолифони мусалмони худ бо шамшер меҷанганд.

Матни ҷавоб

Хавориҷон кистанд?

Хавориҷ яке аз гурӯҳҳои гумроҳ ва берун аз дин мебошад. Ин бо далелҳо ва иҷмоъ собит шудааст. Бухорӣ (6934) ва Муслим (1068) аз Юсайр ибни Амр ривоят кардаанд, ки гуфт: Ба Саҳл ибни Ҳунайф гуфтам: Оё аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) шунидаӣ, ки дар бораи хавориҷ чизе гуфта бошад? Ӯ гуфт: Ман аз ӯ шунидам, ки дасташро ба самти Ироқ ишора карда мегуфт: «Аз он ҷо қавме берун меоянд, ки Қуръонро мехонанд, вале аз гулӯяшон фаротар намеравад. Онҳо аз Ислом мебароянд, чунон ки тир аз камон берун мешавад».

Ибни Моҷа (173) аз Ибни Абиавфо ривоят кардааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд: «Хавориҷон сагони дӯзаханд». Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу Ибни Моҷа" саҳеҳ донистааст.

Оё хавориҷон кофиранд?

Хавориҷ аз ҷумлаи аҳли аҳво ва бидъат буда, аз роҳу равиши аҳли суннат ва ҷамоъат берунанд, вале мо ононро мисли дигар бидъаткорон ба сабаби бидъаташон кофир намешуморем.

Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Мазҳаби шофеъӣ ва бештари уламои асҳобаш ин аст, ки хавориҷон кофир нестанд ва ҳаминтавр қадариҳо, аксари муътазилаҳо ва дигар аҳли бидъат". Поёни сухан аз китоби "Шарҳу Муслим" (7/160).

Шайхулислом Ибни Таймия (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Хавориҷони мориқ (берун аз дин), ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба ҷанг намудан бо онон дастур дод. Амири мӯъминон Алӣ ибни Абу Толиб, яке аз хулафои рошидин бо онҳо ҷанг кард. Имомони дин аз саҳобаю тобеъин ва имомоне пас аз онҳо бар ҷанг намудан бо онҳо иттифоқ кардаанд. Алӣ ибни Абутолиб, Саъд ибни Абуваққос ва дигар саҳобагон ононро кофир надонистаанд. Балки бо вуҷуди ҷанг кардан бо онон, онҳоро мусалмон медонистанд. Алӣ низ бо онҳо ҷанг накард, магар вақте ки дасташон ба хуни ҳаром олуда шуд ва амволи мусалмононро ғорат карданд. Ӯ ба хотири боздоштани зулму таҷовузашон бо онҳо ҷанг кард, на ба хотири он ки кофир буданд. Аз ҳамин сабаб, занони онҳоро ба асорат нагирифт ва молу амволи онҳоро ба ғанимат нагирифт". Поёни сухан аз китоби "Маҷмуъу-л-фатово" (3/282).

Ибни Обидин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Агар ҳангоми баҳси илмӣ ва рад кардани ақидаи муътазила ва монанди онҳо гуфта шавад, ки он куфр аст, яъне чунин гуфторашон куфр аст ва ин маънои кофир будани онҳоро надорад. Зеро лозими мазҳаб ба маънои худи мазҳаб нест.

Ҳамчунин онҳо чунин суханро нагуфтаанд, магар ба сабаби шубҳаи далеле аз Шариъат бо гумонашон, агарчи онҳо хато карда бошанд ва гирифтори маҳзур гаштаанд". Поёни сухан аз китоби "Ҳошияту Ибни Обидин" (3/46).

Аз Шайх Абдурраҳмон ибни Солеҳ Ал-Маҳмуд (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) пурсиданд: "Оё хавориҷон кофиранд?"

Чунин посух дод:

"Донишмандон дар бораи куфрашон ихтилоф доранд. Аммо дурусттарин дидгоҳ ин аст, ки онҳо кофир нестанд. Аз Алӣ ибни Абутолиб (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) дар бораи онҳо пурсиданд: Оё онҳо кофиранд? Ӯ фармуд: «Онҳо аз куфр гурехтанд». Онҳо ба бидъати такфир гирифтор шудаанд, аммо мо набояд ба бидъати такфир гирифтор шуда, онҳоро кофир ҳисобем. Ин аст дурусттарин дидгоҳ, иншоаллоҳ. Агарчи бар бидъатҳои онон лафзи бидъатҳои куфромез итлоқ мешавад". Поёни сухан аз шарҳи китоби "Лумъату-л-иътиқод" (7/26).

Бидъатҳои хавориҷ кадомҳоянд?

Аз ҷумлаи бидъатҳои хавориҷ:

  • Онҳо эътиқод мекунанд, ки имон зиёду кам намешавад.
  • Шахсеро, ки амали воҷибро тарк кунад, кофир мешуморанд.
  • Шахсеро, ки гуноҳи кабираро анҷом медиҳад, кофир меҳисобанд.
  • Бар зидди мухолифони мусалмони худ бо шамшер меҷанганд.

Аллоҳ таъоло донотар аст.

Сарчашма

Сарчашма

Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android