Фазилате, ки барои ҳаҷҷи мабрур омадааст, ҳам ба ҳаҷҷи фариза ва ҳам ба ҳаҷҷи нофила тааллуқ дорад

Савол 175235

Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар касе ҳаҷ ба ҷо оварад ва дар он аз бадзабонӣ ва гуноҳ худдорӣ намояд, чунон пок мешавад, ки гӯё ҳамон рӯз модараш ӯро ба дунё овардааст». Савол ин аст: Оё ин савоб танҳо ба ҳаҷҷи фарз тааллуқ дорад, ё ба касе низ, ки пас аз адои ҳаҷҷи фарз дубора ҳаҷ анҷом медиҳад (яъне ҳаҷҷи нофила), низ татбиқ мешавад? Оё ӯ ҳам чунон пок мегардад, ки гӯё ҳамон рӯз модараш ӯро таваллуд кардааст? Ҳамчунин, агар ҳаҷҷи ӯ мабрур бошад, оё подоши он танҳо ҷаннат аст, ё ин фазилат махсус ба ҳаҷҷи фарз тааллуқ дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Дар бораи фазилати ҳаҷ, аҳодисе омадаанд, аз ҷумла:

1. Бухорӣ (1521) ва Муслим (1350) аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардаанд, ки мегӯяд: Ман паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки фармуд:
«Ҳар касе барои Аллоҳ ҳаҷ ба ҷо оварад ва дар он аз бадзабонӣ ва гуноҳ худдорӣ намояд, чунон пок мешавад, ки гӯё ҳамон рӯз модараш ӯро ба дунё овардааст».

2. Бухорӣ (1773) ва Муслим (1349) аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардаанд, ки мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Ҳаҷҷи мабрур ғайр аз ҷаннат дигар подоше надорад».

3 Тирмизӣ (738) ва Насоӣ (2631) аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардаанд, ки мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Ҳаҷ ва умраро пайиҳам адо намоед, зеро онҳо фақр ва гуноҳонро аз байн мебаранд, ҳамон гуна ки кӯра (оташдон) олудагиҳоро аз оҳан, тилло ва нуқра пок мекунад. Ва барои ҳаҷҷи мабрур подоше ҷуз ҷаннат нест».

Фазилате, ки дар аҳодиси зикршуда омадааст, ҳам ҳаҷҷи фариза ва ҳам ҳаҷҷи нафиларо дар бар мегирад, зеро калимаҳои истифодашуда умумӣ ва фарогир мебошанд.

Ҳаҷҷи мабрур, чунон ки донишмандон (Аллоҳ онҳоро раҳм кунад) таъкид кардаанд, ҳаҷҷест, ки бо гуноҳ омехта нашудааст.

Шайх Ибни Боз (Аллоҳ ӯро раҳм кунад) гуфтааст:
"Ҳаҷҷи мабрур ҳаҷҷест, ки анҷомдиҳандаи он дар он ба нофармонии Аллоҳ даст намезанад, чунон ки ин маъно аз сухани паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳадисе, ки Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, фаҳмида мешавад:
«Ҳар касе ҳаҷ ба ҷо оварад ва дар он аз бадзабонӣ ва гуноҳ худдорӣ намояд, чунон пок мешавад, ки гӯё ҳамон рӯз модараш ӯро ба дунё овардааст».

Поёни сухан аз китоби "Маҷмуъу фатово"-и Ибни Боз (16/334).

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Ҳукми ҳаҷҷу умра

Сарчашма

Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android