Пешоб кардан дар ҳолати истода ҳеҷ ишколе надорад, бахусус агар зарурате ба он бошад, ба шарте ки ҷой пӯшида бошад, то касе аврати пешобкунандаро набинад ва ягон қатрае аз қатраҳои пешоб ба ӯ нарасад.
Зеро аз Ҳузайфа (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) собит шудааст, ки мегӯяд: «Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) назди партовгоҳи қавме омад ва дар ҳолати истода пешоб кард». Ин ҳадисро Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд.
Бо вуҷуди ин, беҳтар он аст, ки шахс нишаста пешоб кунад, зеро аксари вақт паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳамин тавр амал мекард. Илова бар ин, ин ҳолат барои пӯшидатар нигоҳ доштани аврат муносибтар буда, аз расидани қатраҳои пешоб ба бадан ё либос бештар пешгирӣ мекунад.