Ин ду сура Бақара ва Оли Имрон мебошанд.
Дар ҳадисе, ки Имом Муслим (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) аз Абуумомаи Боҳилӣ ривоят кардааст, собит шудааст, ки ӯ мегӯяд: Ман аз расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) шунидам, ки мефармуд:
«Қуръон бихонед, зеро он дар рӯзи қиёмат тиловаткунандагони худро шафоат мекунад. Заҳровайн - сураи Бақара ва Оли Имрон - ро бихонед, зеро ин ду сура дар рӯзи қиёмат мисли ду абр, ё ду соябон, ё ду гурӯҳи парандагони сафбаста меоянд ва барои касоне ки онҳоро мехонданд, шафоат мекунанд. Сураи Бақараро бихонед, зеро тиловати он баракат ва тарки он ҳасрату надомат аст ва ҷодугарон бар он ғолиб омада наметавонанд». (Салоту-л-мусофирин / 1337).
Нававӣ дар шарҳи "Саҳиҳи Муслим" гуфтааст:
Донишмандон гуфтаанд, ки ин ду сура ба хотири нуру ҳидоят ва подоши бузургашон "Заҳровайн" номида шудаанд.