Дар (рӯзҳои) бемории марг барои бемор кадом амалҳо мустаҳабанд?

Савол 13682

Беморе гирифтори бемории саратон аст, ки табибон дар табобати ӯ муваффақ нашудаанд. Ӯ аз беморхона ҷавоб дода шудааст, то рӯзҳои боқимондаи умрашро дар назди аҳли хонаводааш сипарӣ кунад. Ҳолаш рӯз ба рӯз бадтар мешавад. Дар чунин ҳолат ба ӯ чӣ кор кардан тавсия дода мешавад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Нававӣ мегӯяд:
Бемор бояд барои некӯ гардондани ахлоқи худ кӯшиш намояд, аз ҷангу ҷидол ва муноқиша дар масъалаҳои дунявӣ парҳез кунад ва ҳамеша дар зеҳни худ дошта бошад, ки ин рӯзҳо охирин фурсатҳои ӯ дар сарои амаланд. Пас, бояд ин фурсатҳоро бо корҳои нек ба поён расонад.
Ҳамчунин, аз ҳамсар, фарзандон, дигар аҳли хонавода, ҳамсоягон, дӯстону ёрон ва ҳар касе, ки бо ӯ муносибати муомила, дӯстӣ ё робитае доштааст, бахшиш хоста, ризоияти онҳоро ба даст оварад.
Бояд худро ба қироати Қуръон, зикр, мутолиаи саргузашти солеҳон ва аҳволи онҳо ҳангоми марг машғул созад. Ба намозҳо пойбанд бошад, аз нопокӣ парҳез кунад ва дигар вазифаҳои диниро низ ба ҷо оварад. Ба сухани касе, ки ӯро аз ин корҳо бозмедорад ва дилсард месозад, гӯш надиҳад, зеро чунин ҳолатҳо низ аз ҷумлаи озмоишҳое ҳастанд, ки инсон ба онҳо гирифтор мешавад. Ин гуна шахс (яъне шахси дилсардкунанда) дӯсти нодон ва душмани ниҳон аст.
Ҳамчунин, ба аҳли хонаводааш васият кунад, ки дар баробари бемории ӯ сабр намоянд, барои ӯ навҳаву нола накунанд ва аз гиряи зиёд низ худдорӣ варзанд. Ба онҳо васият кунад, ки аз бидъатҳое, ки мардум тибқи одат дар маросими ҷаноза анҷом медиҳанд, парҳез кунанд ва пайваста барои ӯ дуо намоянд.

Ва тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.

Сарчашма

Даъвати мусулмонон

Сарчашма

"Ал-Маҷмуъ" (5 / 109)

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android