Мусалмонзане мехоҳад бо марди кофир издивоҷ намояд

Савол 12914

Духтари амрикоии мусалмоне, ки чандин бор талоқ гирифтааст ва дар инзиво қарор дорад / аз ҷомеаи мусалмонон дур аст, аз ман пурсид: ӯ мехоҳад бо марди ғайримусалмоне издивоҷ кунад, ки ба Аллоҳ имон дорад. Чӣ гуна ӯро аз ин издивоҷ боздорам, зеро медонам, ки ин амал ҷоиз нест? Ӯ мегӯяд: агар чунин издивоҷ барои мардон ҷоиз бошад, пас чаро барои занон ҷоиз нест?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Барои мусалмон ҷоиз нест, ки бо зани мушрик издивоҷ кунад ва барои мусалмонзан низ ҷоиз нест, ки бо марди мушрик издивоҷ намояд. Аз ин ҳукм танҳо издивоҷ бо занони аҳли китоб (яҳудиён ва насрониён), ба шарте ки покдоман бошанд, истисно шудааст. Ин ҳукмест, ки далелҳо аз Китоби Аллоҳ ва суннати расули Ӯ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бар он далолат мекунанд ва уммати исломӣ бар он иҷмоъ намудааст. Ҷоиз нест, ки бо ақли худ ба ҳукми Аллоҳ эътироз намоем.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَمَا كَانَ لِمُؤْمِنٍ وَلَا مُؤْمِنَةٍ إِذَا قَضَى اللهُ وَرَسُولُهُ أَمْرًا أَن يَكُونَ لَهُمُ الْخِيَرَةُ مِنْ أَمْرِهِمْ وَمَن يَعْصِ اللهَ وَرَسُولَهُ فَقَدْ ضَلَّ ضَلَالًا مُّبِينًا

سورة الأحزاب: ٣٦

«Барои ҳеҷ марди мӯъмину зани мӯъмина шоиста нест, ки чун Аллоҳ ва паёмбараш дар коре ҳукм кунанд, дар кори худ ихтиёре дошта бошанд. Ва ҳар кӣ Аллоҳ ва паёмбарашро нофармонӣ кунад, ба дурустӣ, ки ба гумроҳии ошкоре гирифтор шудааст».   (Сураи Аҳзоб: 36).

Пас, бар ин зан лозим аст, ки тақвои Аллоҳро пеша кунад. Зеро ҳар кас тақвои Аллоҳро пеша намояд, Аллоҳ барои ӯ роҳи раҳоӣ аз мушкилотро фароҳам месозад. Ва бояд бидонад, ки издивоҷи ӯ бо марди ғайримусалмон, ҳатто агар аз аҳли китоб бошад ҳам, ҳеҷ эътиборе надорад, балки он дар ҳукми зино ба шумор меравад, зеро ин ақди ботил аст.

Сарчашма

Никоҳҳои ботил

Сарчашма

Шайх Абдулкарим Ал-Хузайр

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android