Омӯзиши иқтисодиёти рибавӣ, агар ҳадаф аз он шинохти муомилоти рибавӣ ва баёни ҳукми Аллоҳ дар бораи онҳо бошад, боке надорад. Аммо агар ин омӯзиш бо ҳадафи дигар бошад, ҷоиз нест. Ҳамчунин, кор кардан дар бонкҳои рибавӣ ҷоиз нест, зеро ин амал кӯмак ба гуноҳу таҷовуз ба шумор меравад.
Аллоҳ таъоло фармудааст:
وَتَعَاوَنُوا عَلَى الْبِرِّ وَالتَّقْوَى وَلا تَعَاوَنُوا عَلَى الأِثْمِ وَالْعُدْوَانِ وَٱتَّقُواْ ٱللهَ إِنَّ ٱللهَ شَدِيدُ ٱلعِقَابِ
سورة المائدة: ٢
«Ва ҳамдигарро дар некӯкориву парҳезгорӣ кӯмак кунед ва ҳамдигарро дар гуноҳу таҷовуз кӯмак накунед ва аз Аллоҳ битарсед, ҳароина Аллоҳ сахткайфар аст». (Сураи Моида: 2).
Поёни сухан аз китоби "Маҷмуъу фатово"-и Ибни Боз (24/39).