сохранить
  • New List
Бештар
    сохранить
    • New List
608/Муҳаррам/1447 , 03/Июл/2025

Барои фурӯшанда ҷоиз нест, ки барои дер пардохт кардан пули изофагӣ ситонад

Савол: 1231

Ман мошинҳоро бо тақсит тибқи шариъати Ислом мефурӯшам. (Харидор пули мошинро ҳар моҳ ҳисса ба ҳисса пардохт мекунад). Яъне ман фоиз намегирам, аммо барои муҳофизат аз худам, вақте ки харидор сари вақт пардохт накунад, ман ӯро (барои дер пардохт карданаш) ҷарима мебандам. Оё ин ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ин маблағи изофие, ки шумо барои пардохти дер аз харидор мегиред, ин рибои ҳақиқӣ аст. (Яъне илова кардани маблағ барои сари вақт напардохтани қарз ва ҷарима бастани қарздор ҳангоми таъхир намудани пардохти қарз ҳаром аст ва ин рибои ҳақиқӣ мебошад).

Ба ҳамин хотир, вақте Аллоҳ таъоло риборо, ки мардуми ҷоҳилият ҳангоми таъхир намудани пардохти қарз аз қарздор пули изофагӣ мегирифтанд, ҳаром эълом кард, дастур дод, ки ба қарздор мӯҳлат дода шавад ва аз онҳо пули изофагӣ гирифта нашавад.

Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَإِنْ كَانَ ذُو عُسْرَةٍ فَنَظِرَةٌ إِلَى مَيْسَرَةٍ وَأَنْ تَصَدَّقُوا خَيْرٌ لَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ

سورة البقرة: ٢٨٠

«Ва агар (қарздор) тангдаст бувад, ӯро то ҳангоми тавоноӣ мӯҳлат диҳед. Агар бибахшед, бароятон беҳтар аст, агар (савоби ин корро) бидонед».   (Сураи Бақара: 280).

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Сарчашма

Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид

Гарди танзимоти матн

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android
Барои фурӯшанда ҷоиз нест, ки барои дер пардохт кардан пули изофагӣ ситонад - Ислом савол ва ҷавоб