Аввал:
Дидгоҳи дурусте, ки бояд бар асоси он амал кард, ҳамон аст, ки аз сухани паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бармеояд:
«Бо дидани ҳилол рӯза бигиред ва бо дидани он ифтор намоед ва агар бар шумо пӯшида шуд, пас шумораи рӯзҳоро комил гардонед».
Яъне, меъёр дар оғоз ва поёни моҳи Рамазон дидани ҳилол (бо чашм) мебошад. Зеро шариати Ислом, ки Аллоҳ таъоло паёмбарамон Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро бо он фиристодааст, шариате умумист, ҷовидон ва пойдор буда, то рӯзи қиёмат идома хоҳад дошт. (Ва он барои ҳар замону макон муносиб аст, новобаста аз он ки илмҳои дунявӣ пешрафта бошанд ё набошанд, новобаста аз он ки абзору воситаҳо вуҷуд дошта бошанд ё набошанд ва новобаста аз он ки дар миёни аҳли як кишвар шахсоне ҳастанд, ки ҳисобҳои фалакшиносиро хуб медонанд ё чунин афроде вуҷуд надоранд. Зеро амал бар асоси рӯъят амрест, ки мардум дар ҳар давру замон ва дар ҳар сарзамин метавонанд онро анҷом диҳанд, бар хилофи ҳисобҳои фалакӣ, ки мумкин аст касоне онҳоро донанд ва гурӯҳи дигар онҳоро надонанд ва ҳамчунин абзорҳои он, ки метавонанд дастрас бошанд ё набошанд).
Дувум:
Аллоҳ таъоло аз он чӣ гузаштааст ва аз он чӣ дар оянда хоҳад буд — аз ҷумла пешрафти илми фалакшиносӣ ва дигар улуми гуногун — огоҳ аст. Бо вуҷуди ин, мефармояд:
فَمَنْ شَهِدَ مِنْكُمُ الشَّهْرَ فَلْيَصُمْه
البقرة: ١٨٥
«Пас ҳар касе аз шумо, ки ин моҳро дарёбад, бояд онро рӯза бидорад». (Сураи Бақара: 185).
Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) онро бо сухани худ чунин баён фармудааст:
«Бо дидани ҳилол рӯза бигиред ва бо дидани он ифтор намоед».
Пас, оғози рӯзаи моҳи Рамазон ва ифтор аз онро ба дидани ҳилол вобаста кардааст, на ба донистани моҳ тавассути ҳисобҳои нуҷумӣ, бо вуҷуди он ки Аллоҳ таъоло медонист, ки уламо ва мутахассисони илми фалакшиносӣ дар ҳисобу баррасии ситорагон ва муайян кардани ҳаракати онҳо ба пешрафтҳои бузург мерасанд. Аз ин рӯ, бар мусулмонон воҷиб аст, ки ба он чи Аллоҳ таъоло бар забони паёмбараш (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) машрӯъ гардонидааст, рӯ оваранд, яъне дар масъалаи рӯза гирифтан ва ифтор кардан бар рӯъяти ҳилол такя намоянд. Ин назар монанди иҷмоъи аҳли илм аст ва ҳар касе, ки дар ин масъала мухолифат карда, бар ҳисобҳои нуҷумӣ такя кунад, суханаш шоз ва қобили эътибор нест.
Аллоҳ донотар аст.