Фикр кардан дар бораи зино метавонад ду навъ бошад:
Навъи аввал:
Вақте ки ин танҳо хаёлҳои гузаро ва нопойдор бошанд (яъне андешаҳое, ки танҳо аз зеҳн мегузаранд, бе он ки ба ирода ва қарор табдил ёбанд). Барои чунин хаёлҳо инсон гунаҳкор намешавад, аммо беҳтар аст, ки ҳарчи зудтар худро аз онҳо раҳо созад, то ин фикрҳо ӯро ба мароҳили минбаъда набарад.
Навъи дувум:
Вақте ки ин хаёлҳо устувор ва бо азму иродаи инсон пайваст бошанд. Дар чунин ҳолат, бояд фавран чора андешид ва бо роҳҳои зерин онҳоро ислоҳ кард:
1. Ҷиддан фикр кардан дар бораи издивоҷ, зеро издивоҷ муҳофизати шаръӣ ва табии марду зани мусалмон аз зино мебошад.
2. Рӯза доштан, агар имкони издивоҷ надошта бошад.
3. Марду зани мусалмон бояд бо тиловати Қуръон, намози нафл ва дигар ибодатҳо байни худ ва Аллоҳ барои тақвият додани имони худ талош бикунанд.
4. Интихоби дӯстони хуб. (Зеро дӯстони хуб инсонро аз ҳаром дур месозанд ва ба корҳои нек раҳнамун мешаванд).
5. Дурӣ ҷустан аз ҳар чизе, ки шаҳватро бармеангезад, ки боризтарини он нигоҳ кардан ба чизҳои ҳаром аст.
6. Ба ёд овардани оқибатҳои талхи зино, ҳам дар дунё ва ҳам дар охират. Паёмадҳои бади онро ҳаргиз бо лаззати муваққатие, ки зинокор дар он лаҳза эҳсос мекунад, наметавон муқоиса кард.