Оё ӯ метавонад ҳофизи Қуръон будани худро ба хотири ташвиқи мардум зоҳир намояд?

Савол 114013

Ман алҳамдулиллоҳ, ҳофизи Қуръон ҳастам. Оё ба хотири ташвиқи дигарон дар ин бора сухан гуфтан ҷоиз аст ё ин бояд сирре миёни инсон ва Парвардигораш бошад? Яъне, пинҳон доштани он беҳтар аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Барои инсон ҷоиз аст, ки аз неъматҳои илму дониш ва ё ҳифзе, ки Аллоҳ ба ӯ ато кардааст, сухан бигӯяд, агар ин барои дафъи зарар аз худ ё ба даст овардани манфиате барои мардум бошад. Масалан, агар мақсади ӯ ташвиқи мардум ба ҳифз ва талаби илм бошад. Чунин амал аз ҷумлаи худситоӣ (тазкияи нафс), ки аз он манъ шудааст, ба шумор намеравад. Зеро Аллоҳ таъоло аз забони Юсуф (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:

قَالَ اجْعَلْنِي عَلَىٰ خَزَائِنِ الْأَرْضِ إِنِّي حَفِيظٌ عَلِيمٌ

سورة يوسف: ٥٥

«Гуфт: "Маро бар хазинаҳои ин сарзамин муқаррар кун, зеро ман нигаҳбони доноям"».   (Сураи Юсуф: 55).

Абдуллоҳ ибни Масъуд (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) гуфтааст:
«Ман беш аз ҳафтод сураро назди расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) қироат кардаам. Саҳобагони расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) медонистанд, ки ман дар миёни онҳо ба Китоби Аллоҳ донотаринам. Ва агар медонистам, ки касе аз ман (ба Китоби Аллоҳ) донотар аст, ҳатман ба назди ӯ сафар мекардам».   Ривояти Муслим (4502).

Нававӣ (Аллоҳ ӯро раҳм кунад) дар шарҳи ин ҳадис гуфтааст:
Дар ин ҳадис ҷоиз будани он баён шудааст, ки инсон ҳангоми ниёз аз фазилат, дониш ва монанди ин сифатҳои худ ёд кунад.

Аммо манъ аз худситоӣ ба касе дахл дорад, ки худро бе ягон ниёз ситоишу таъриф мекунад, балки мақсадаш фахру худписандӣ бошад.

Аз бузургон мавридҳои зиёде нақл шудааст, ки ҳангоми ниёз аз фазилатҳои худ ёд кардаанд; аз ҷумла барои дафъи зараре аз худ ба ин васила, ё ба даст овардани манфиате барои мардум, ё ташвиқ кардани мардум ба гирифтани дониш аз ӯ ва монанди ин.

Аз ҷумлаи мавридҳои ба даст овардани манфиат сухани Юсуф (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аст:
«Маро бар хазинаҳои ин сарзамин муқаррар кун, зеро ман нигаҳбони доноям».
Аз ҷумлаи мавридҳои дафъи зарар сухани Усмон (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) дар замони муҳосирааш мебошад. Ӯ гуфт, ки лашкари Усратро муҷаҳҳаз кардааст ва чоҳи Румаро кандааст.

Ва аз ҷумлаи мавридҳои ташвиқ ба гирифтани дониш сухани Ибни Масъуд дар ҳамин ҳадис ва сухани Саҳл ибни Саъд аст:
"Дар ин мавзӯъ дигар касе аз ман донотар боқӣ намондааст".

Ҳамчунин сухани дигарон:
"Ба шахси огоҳу кордон муроҷиат кардаӣ".
Ва монанди инҳо.
Поёни сухан.

Аммо ҳар қадар инсон тавонад амали худро пинҳон дорад, ҳамон қадар беҳтар аст. Зеро ошкор кардани амал ва сухан гуфтан дар бораи он метавонад яке аз роҳҳои шайтон бошад, ки инсонро ба фахр кардан аз амали худ ва худписандӣ водор созад.

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Рақоиқ (нармкунандаҳои дилҳо)

Сарчашма

Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android