Сахтгир машав

Савол: 11283

Баъзе шахсонро вақте насҳиҳат кунед, ки аз амале, ки хилофи Шариъат аст, худдорӣ намо, фавран мегӯяд: Сахтгирӣ макун, мутаассиб машав, мӯътадил бош. Ҳукми ин гуна шахсон чист? Аз шумо хоҳиш менамоем, ки маънои мӯътадилро баён кунед.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

"Ҳар касе, ки нисбат ба амали ҳаромшуда дар Шариъат насиҳат карда шавад, то аз он дурӣ ҷӯяд, ё ба ӯ оиди воҷиб хабар дода шавад, то ки онро адо намояд, аммо ӯ чунин гӯяд, пас ӯ хатокор аст (ва ин амали ӯ нодуруст мебошад). Балки воҷиб аст, ки агар касе ӯро насиҳат кунад, ӯро сипосгузорӣ кунад, сипас ба он назар кунад, агар дар воқеъ насиҳаташ дуруст бошад, аз он амали ҳаромшуда дурӣ ҷӯяд, то воҷибро ба ҷо орада бошад.

Аммо он сухане, ки мегӯяд: "Ту сахтгир ҳастӣ", бояд қайд кард, ки сахтгирӣ, осонгирӣ ва мӯътадилӣ ҳама бо меъёри Шариъат муайян мегарданд. Ҳар чизе, ки мувофиқ бо Шариъат бошад, мӯътадилӣ аст. Ҳар чизе, ки аз он бештар бошад, сахтгирӣ аст ва ҳар чизе, ки аз он камтар бошад, осонгирӣ ва саҳлангорӣ мебошад. Меъёри ҳамаи онҳо Шариъат аст. Маънои мӯътадилӣ ин аст, ки он бо Шариъат мувофиқ бошад. Ҳар чизе, ки мувофиқ бо Шариъат бошад, мӯътадилӣ аст". Поёни сухан.

Сарчашма

Сарчашма

Аз фатовои Шайх Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Усаймин

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android