Мехоҳад чанд рӯзи ҳафтаро ба кор ва рӯзҳои боқимондаро ба ибодат ихтисос диҳад

Савол 10946

Ман бародари мусулмонеро мешиносам, ки пас аз огоҳ шудан аз ҳаром будани фаъолияти касбиаш, онро тарк кард, алҳамду лиллоҳ.

Ҳоло ӯ дар ҷустуҷӯи корест, ки даромадаш барои таъмини ғизо ва либоси хонаводааш басанда бошад. Ӯ ният дорад танҳо чанд рӯзи ҳафтаро кор кунад, то ҳамин миқдор даромадро ба даст оварад. Рӯзҳои боқимондаи ҳафтаро бошад, мехоҳад дар масҷид сипарӣ намуда, ба қироати Қуръони Карим, адои намоз ва дигар ибодатҳо машғул шавад.

Оё чунин рафтор (аз нигоҳи Шариъат) ҷоиз аст? Магар Ислом намегӯяд, ки рӯз барои ҷустуҷӯи ризқу рӯзӣ ва шаб барои ибодат аст? Оё беҳтар нест, ки ин бародар кори муносибтаре пайдо кунад, ки даромади бештар дошта бошад ва маблағи зиёдатиро ба ниёзмандон садақа диҳад? Оё аҳли хонаводаи ӯ нисбат ба вақте, ки бояд барои онҳо ҷудо кунад, бар зиммаи ӯ ҳақ надоранд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Бар ҳар мусулмоне, ки тавоноии кор кардан ва касби рӯзиро дорад, воҷиб аст барои ба даст овардани даромаде талош намояд, ки ӯро ва ҳамсар, фарзандон ва дигар афроде, ки таъминашон бар зиммаи ӯст, аз ниёзмандӣ бениёз созад.

Пас, ҳар гоҳ ин масъулиятро анҷом дод, агар вақти боқимондаашро — хоҳ рӯз бошад, хоҳ шаб — ба ибодати Аллоҳ таъоло, аз қабили намоз, рӯза ва тиловати Қуръони Карим бахшад, ин барои ӯ беҳтар аст.

Барои ибодатҳои мутлақ вақти махсусе муқаррар нашудааст. Албатта, намози шаб аз намози нафл дар рӯз бартарӣ дорад, аммо ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки ибодатҳои нафлӣ дар рӯз савоб надоранд.

Аз ин рӯ, инсон бояд нахуст воҷиботро адо намояд, хоҳ воҷиботе, ки ба ҳаққи Аллоҳ таъоло тааллуқ доранд ва хоҳ воҷиботе, ки ба ҳаққи бандагон вобастаанд. Сипас вақти боқимондаро ба анҷоми корҳои мустаҳаб ихтисос диҳад. Ва агар барои истироҳат ва таҷдиди нерӯ бахше аз вақти худро ба корҳои мубоҳ сарф кунад, ҳеҷ ишколе надорад.

Сарчашма

Аҳкоми кору касб
Рақоиқ (нармкунандаҳои дилҳо)

Сарчашма

Шайх Абдулкарим Ал-Хузайр

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android