"Агар он чи ба забон овардаед, лағзиши забон бошад ва аз ҷониби шумо қасдан гуфта нашуда бошад, пас он ҳеҷ таъсире надорад. Зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Ҳамоно амалҳо ба ниятҳо вобастаанд ва ҳар шахс танҳо он чизеро ба даст меорад, ки ният кардааст». Ривояти Бухорӣ (1) ва Муслим (1907).
Пас, агар нияти шумо ин буд, ки бо умра эҳром бибандед, то онро бо ҳаҷ якҷо анҷом бидиҳед, аммо иштибоҳан гуфтед: “Бо ҳаҷ эҳром бастам, ки онро бо умра якҷо анҷом медиҳам” ва ё суханони ба ин монанд, ин ба шумо зарар намерасонад. Зеро эътибор ба он чизест, ки дар дил аст ва лағзиши забон, ки бар хилофи қасди инсон сурат мегирад, ҳеҷ таъсире надорад. Ва Аллоҳ тавфиқдиҳанда аст". Поёни сухан.
"Маҷмуъу фатово"-и Ибни Усаймин (22/20).