Суннат барои мард ҳангоми эҳром бастан ин аст, ки изор ва ридои ӯ сафед ва тоза бошанд. Вале шарт нест, ки ин ду либоси эҳром ҳатман бояд нав бошанд.
Ибни Қудома (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Ал-Муғнӣ (10/76) гуфтааст:
Муҳрим ду порча либоси тоза мепӯшад, яъне изор ва ридо. Зеро расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар яке аз шумо бояд дар изор, ридо ва як ҷуфт кафш эҳром бандад».
Мустаҳаб аст, ки ин ду либос тоза бошанд - ё нав бошанд ва ё шуста. Чун мо барои ӯ покизагии бадан ва ҳамчунин покизагии либосро писандида медонем.
Беҳтар он аст, ки ин ду либос сафед бошанд, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Беҳтарин либосҳои шумо либоси сафед аст. Пас зиндагонатонро бо он бипӯшонед ва мурдагонатонро низ дар он кафан кунед».
Поёни сухан бо ихтисор.
Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
"Шарт нест, ки изор ва ридо нав бошанд. Вале мустаҳаб аст, ки инсон бо ду либоси сафед ва тоза эҳром бандад. Ва ҳар қадар ин ду либос тозатар бошанд, ҳамон қадар беҳтар аст, зеро Аллоҳ таъоло зебост ва зебоиро дӯст медорад". Поёни сухан.
"Маҷмуъу-л-фатово"-и Ибни Усаймин” (22/12).